(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурўҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва бошандагони маҳаллаҳои Темрмалик, Тиллокон ва фаъолони шаҳр ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аъзои Ҳукумати мамлакат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро дар шаҳру навоҳии кишвар мегузаронанд. Аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, бо сокинони шаҳри Хуҷанд аз санаи 7 то 12 январи соли 2019 ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқти-содию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо зикри наҷибтарин дастовардҳои таърихии соли 2018, аз ҷумла оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, 22-юми марти соли 2018; мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон НБО «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.

Сипас, Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон таҳти раҳнамоиҳои Пешвои миллат фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ доир ба нуктаҳои дигар Паёми Пешвои миллат маълумоти муфассал дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода низ аз муҳтавои Паёми Роҳбари Давлат иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки дар Паёми навбатии Роҳбари Давлат ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода шуда, таъкид гардид, ки дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд. Бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд. Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд. Соли 2018 бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд.

Сипас аз ҷониби иштирокдорони мулоқот суолҳо манзур ва ҷавобҳои мушаххас дарёфт карда шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд