(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр боздид ба амал оварда, ҷиҳати оғози корҳои таъмиру таҷдид ва васеънамоии роҳи кӯчаи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла, ба роҳбарони сохторҳои КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳр дастур дода шуд, ки бо мақсади ба талаботи замони муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани роҳҳои канории шаҳр, аз ҷумла дар ду канори кӯчаи Саид Валиеви даромади маҳаллаи Чашмаи Арзана пайроҳаҳо бунёд намоянд ва тадбирҳои дигар аз ҷумла ҷуйборҳои обгузар, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва чароғонкунӣ амалӣ карда шавад.

Ба ин амали хайр бояд соҳибкорону муассисаҳои канори роҳ ва мардуми маҳал низ ҳамрайъӣ намуда, кӯча, маҳалла ва шаҳри хешро якдилона ободу хуррам намоянд.

Ҳамчунин ба роҳбарияти КВДК “Хуҷандобуканал” дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзана бо оби тозаи нӯшокӣ тарҳи нави хешро пешниҳод намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар даромадгоҳи маҳаллаи Чашмаи Арзана бунёди майдончаи варзишӣ барои сокинони маҳалларо муфид арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни боздиди худ Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон аз маҳаллаҳои навбунёди он ошноӣ пайдо кард. Ба муовини Раиси шаҳр Аюб Раҳматзода дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ намудан аз сохтмонҳои ғайриқонунии мавзеъҳои муайян чорандешӣ намояд. Ва сохтмонҳои ғайриқонунии бунёдшудаистода бартараф карда шаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд