(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altВакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар асоси дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли равон ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, силсилаи мулоқотҳояшро бо доираҳои касбу кори гуногуни аҳолӣ мегузаронад.

Мулоқоти вакил аз 7-12-уми январи соли ҷорӣ асосан дар идораҳои нозироти андоз, гумрук, ШВКД, прокуратура, суд, шабакаҳои барқ, қисмҳои ҳарбӣ, минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», беморхонаҳо, макотиб ва ғайраҳо гузаронида шуда, Гулбаҳор Назирӣ дар назди интихобкунандагон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ медиҳад.

Инчунин доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Парлумони мамлакат қабул кардааст ва масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат табодули назар сурат мегирад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки санаи 5-уми январи соли ҷорӣ тибқи нақшаи дигари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 6 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд чунин мулоқотро бо қишрҳои гуногунии интихобкунандагон баргузор менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд