(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар иҷлосияи охири худ вакилони маҷлиси вавилони халқи шаҳри Хуҷанд буҷаи шаҳр ба маблағи зиёда аз 419 миллион сомонӣ қабул карда шуд. Бояд қайд намуд, ки соли гузашта буҷаи давлатии шаҳр 342,3 миллион сомониро ташкил медод.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд ба андозаи 100,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 344,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаитасдиқ гардида 2,0 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 31,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо 140,0 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 15,0 миллион сомонӣ ё 12,0 фоиз афзудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд