(0 овоз, миёна 0 аз 5)

31,3 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидРаванди робитаҳои иқтисодии шаҳри Хуҷанд собит менамояд, ки имрўз шаҳри Хуҷанд бо 45 мамолики дуру наздик ҳамкорӣ дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 290,2 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла воридот 257,4 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 32,8 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, ки ҳаҷми маҳсулотҳои содир гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 2,5 миллион доллари амрикоӣ зиёд шудааст.

Бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 31,3 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 13,0 миллион доллари амрикоӣ ва 18,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд