(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Соли 2018-и милодї бо тамоми бурду бохтњои хеш ба сањафоти таърих ворид мешавад. Ин сол барои мардуми кишвар соли бобарор ва соли муваффаќияту созандагї буд, ки дар њамаи арсањои њаёти сиёсиву иќтисодї ва иљтимої новобаста аз душворињо ва мушкилоти мављуда, ба пешрафт ва дастовардњои муњим ноил гардиданд. Њарчанд худбохтагону бењувиятоне дар хориљи кишвар кўшишњо ба харљ доданд, то монеи рушди кишвар гарданд, аммо онҳо ба муваффаќияте ноил нашуданд. Дар маљмўъ метавон соли 2018-ро барои нерўњои зиддимиллї ва зидди истиќлоли тољикистон соли нокомї ва варшикастагї арзёбї намуд. Шикасти ин гурӯњњои терористии њувиятбохта ба таври зайл аст:

  1. Соли 2018 кушишњое аз тарафи фирориёни љинояткори наҳзатӣ ба роњ монда шуд, ки  ба хотири рўйпўш намудани љиноёти мутаадии хеш ва њаммаслаконаш эътилоферо дар Варшава таъсис дињад, то он фарогири гурўњњо ва ташкилотњои дигар бошад. Аз ин лињоз эътилоферо бо унвонии Паймони Миллии Тољикистон, таъсис додаанд, аслан на паймони миллӣ, балки онро метавон театри мазњакавии   “Нањзат & К” ном бурд. Зеро воќеияти ин паймонро њамонњое ташкил медињанд, ки бевосита њамбастагї ба террористон доранд ва дар тамоми замони фаъолият аз пуштибонї, сармоягузорї ва вобастагии ин ташаккула ба вуљуд омадаанд. Мусаллам аст, ки пас аз содир намудани љиноёти мутаадї ва даст задан ба амалњои террористї, ки ин нафарон фирор намуда, дар кишварњои аврупої паноњ бурданд, ба хотири рўйпуш намудани ҷиноёти  хеш ва фирор аз бозпурсию зиндон доду ба роҳ монданд ва худро дар назди созмонҳо ва ҳукуматҳои аврупоӣ бечора вонамуд сохтанд. Роҳбари террористон меандешид, ки дар Аврупо дигар қувваҳои хислати мухолиф доштаро ба худ мепайвандад. Вале аз як тараф хислати худхоҳӣ ва тамомиятхоҳии ӯ, аз тарафи дигар макру ҳиялҳое, ки ин ҳизб дар солҳои 90- уми асри гузашта дар баробари созмонҳои дигар анҷом дода буд, нагузоштанд, ки дигар созмонҳо ба ин эътилоф пайванданд. Зеро аъмоли зиддиинсонӣ ва зиддимиллии ин террористон ошкор шуда буд. Ҳамин буд, ки роҳбари ин ташакулла, ки сад чењра дорад ва ҳар нақшро хуб бозӣ мекунад, ба хотири ба даст овардани пулу сармоя ва нуфузу эътибор ҳаммаслакони хешро, ки бунёдан ҳама аз афкори террористию экстремистӣ  маншаъ мегиранд, ба чанд даста тақсим намуда, ҳар кадоме аз ононро бо номҳои болохонадор муаррифӣ намуд ва онҳоро ба ҳайси ташакуллаҳои алоҳида баррасӣ кард. Аз ҷумла: Алим Шерзамоновро, ки дар собиқа раиси бахши Бадахшонии наҳзатиҳо буд, роҳбари “Анҷумани озодандешони тоҷик” ном бурд, ҳол он ки дар зеҳнияти номбурда ба љуз дуруғу тавтеа ҳеҷ озодандешӣ вуҷуд надорад. Шарофиддин Гадоев аз гуруҳи ифротии 24-ро ки дастпарвари ташакуллаи терористии наҳзатӣ аст бо номи роҳбари “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” эълон намуд. Ҳамчунин яке аз аъзоёни гумоштагони ин ҳизби террористӣ Илҳомҷон Ёқубовро роҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар иттиҳоди Аврупо” муаррифӣ кард ва худи роҳбари наҳзатиҳои террорист баромад намуда ба ҳайси иҷрокунандаи нақши асосӣ гуё эътилофе ташкил дод. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна паймоне вуҷуд надорад ва як бозии театрикунонидаи онҳо аст аст. Роҳбари террористони наҳзатӣ бо ин навъи сањнасозињояш гумон мекунад, онро дигарон дарк намекунанд ва њадди аќал мехоњад созмонњо ва кишварњои аврупоиро тањмиќ кунад.
  2. Бо таъсиси ин эътилоф мехостанд, дигар созмонњоро љалб намоянд ва худро аз унвони ташаккулаи терористии нањзатї озод намоянд ва  дар чењраи мардумсолор ва мудерн арзёбї кунанд, то аз кишварњои дигар кумаку сармоя ба даст оваранд, аммо ин кушиши онњоро дигар ќуввањои сиёсиву фарњангии дар Аврупо буда напазируфтанд, зеро онњо яќин њосил карданд, ки бо террорист эътилоф кардан худро бадном ва сарафканда кардан аст.
  3. Бо назардошти соли Саёњї ва њунарњои мардумї эълон шудани соли 2018 дар ќаламрави Тољикистон ин ќуввањои сияњкор ва зиддимиллї кушиш ба харљ доданд, то монеъи вуруди сайёњон ба кишвар шаванд ва амали террористиро дар тобистони имсол, дар њудуди ноњияи Данѓара тавассути гумоштагони хеш амалї намуданду барои худро бегуноњ муаррифї намудан бар гардани ДИИШ њавола намуданд. Аммо ин амали онњо дар муддати кўтоњтарин аз тарафи маќомоти зиддахли Тољикистон ошкор ва муаян карда шуда, омилони љиноят муљозот гардиданд. Ба дурустї муаян гардид, ки ин амалро роњбарони наҳзатӣ тањия намуда, аз тарафи гумоштагони онњо ба иљро дароварда шудааст.
  4. Аъмоли зиддиинсонї ва террористии наҳзатиҳоро ором - ором кишварњои љањон эътироф мекунанд. Новобаста аз фазлфурушӣ ва худро бегуноњу љабрдида ба намоиш гузоштану бар дари њар созмони минтаќавию љањонї задани ин афроди худбохтаи бењувият ва доду бедодро роњандозї намудани онњо дигар фоида надорад. Вале аъмоли палидонаи онњоро љомеаи љањонї эътироф менамояд. Ахиран, пас аз содиршавии њукми гумоштагони террористи ин гуруњ, ки дар тобистони соли равон ба љањонгардони хориљї њамлавар шуда, чанд танро ба њалокат расониданд, "Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои "Озодӣ” ва "Садои Амрико” – бори аввал ба таври ошкор наҳзатиҳоро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард. Дар гузориши "Настоящее Время” гуфта мешавад, ки "ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ташкилоти террористии наҳзатӣ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Чунин ба назар мерасад, ки ба хотири аъмоли бад ва зиддиинсонии хешро пинњон доштан, террористони нањзатї,  мехостанд онро бар души гуруњњои дигари террористї, аз љумла ДИИШ њавола кунанд. Дар ин маврид њам ба хотире, ки хешро дар Аврупои дунявї паноњ бурдаанд ва афкори тањаммулнопазир ва зиддибашарии хешро идомат бахшанду дар озодї бимонанд. Њол он ки таљрибаи чунин дањшатафканиро инњо пеш аз ДИИШ ва гуруњњои дигари террористї дар солњои 90-ум дар Тољикистон анљом додаанд. Имрўз агарчї ниќоби дигаре ба чењра кашида, аз демократия ва дунявият фазлфўрўши мекунанд, аммо афкорашон то њануз инсонбадбин ва тањамулнопазир ва ифротї аст. Эътирофи чунин як факт шикасти дигаре дар арсаи байналмиллалї барои ин ташаккула дар соли сипришуда мањсуб буд.

 

  1. Додоҷони Атовулло яке аз рўзноманигорони мухолиф чењраии воќеии хабисона ва террористонаи наҳзатиҳо ва роњбарияту њампаймонони онро ошкор намуда, сидқан ва холисан эътироф менамояд, ки  наҳзатиён ҳамон дуруғгую палидҳоеанд, ки солҳои 90 қарни гузашта ҳазорон нафарро ваъдаҳои осмонӣ доданд, ба майдонҳо кашониданд ва ахиран онҳоро дар нимароҳ гузошта, қурбонӣ намуданд. Имрӯз даъвоҳои роҳбари наҳзатӣ, ки  ҳама чизро ба вазни тиҷоратҳои хеш бармекашад, ҳамон фитаи куҳнаро аз нав ба бозӣ даровардан аст. Даъво пеш меоварад, ки ҷавонон бо ӯ пайванданд ва ба онҳо ваъдаи “биҳишти адн”-ро медиҳад, ки дар ҳоли ба даст овардани ҳокимият ба онҳо мансабу зиндагии осмониро ваъда медиҳад. Воқеан, дар ин самт пайравӣ аз “пирони тариқаташ Оятуллоҳ Хумайнӣ мекунад”, ки дар бомдоди инқилоби исломӣ ба мардуми Эрон ваъда карда буд, ки «мо ҳамаро барои шумо маҷонӣ” мекунем ва барояшон биҳишти заминӣ ваъда карда буд. Додоҷони Атовулло бисёр таъкиди ба маврид мекунад, ки ба ин мушҳову рубаҳњо бовар накунед: “ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед, агар сад бор тавба кунад, бовар накунед, агар сад бор савганд ёд кунад, бовар накунед агар ҳазор бор баёния пахш кунад. Бовар накунед агар сад бор паймон бубандад, ҳама ҳарфашон дуруғ аст, ҳама ҳарфашон такрор аст... Онҳо кузаи холианд. Ҳар чи дигарон резанд ҳамон метаровад. Намози онҳо дуруғ аст. Мусалмонии онҳо дуруғ аст, одамияти онҳо дуруғ аст”. Воқеан дар ин чанд сатр чеҳраи аслии наҳзатиён ва махсусан роҳбари онро амиқ ва дақиқ тасвир менамояд. Собит мекунад, ки инҳо буданд, ки тамоми умр дигаронро фиреб доданд, хиёнат карданд ва ахиран паймони ваҳдат ва ризоияти миллиро низ ҳаминҳо шикастаанд. Инҳо ҳамон ҳеҷкораҳоеанд, ки аз худ шахсият метарошанд вале ҳеҷ ҳарфе барои гуфтан надоранд, ҳеҷ андешаи созандае дар сар надоранд, танҳо барои расидан ба ҳадафҳои шуму нопоки хеш мардумонро ба гумроҳӣ мекашонанд ва аз нодонии онҳо осиёби манфиатҳои хешро ба гардиш медароранд. Воќеан аз љониби Додољони Атовулло дар чанд маќолаи кўтоњ ошкор шудани чењраи аслии ин худбохтагони бењувият як шикасти дигари онњо дар ин сол буд.
  2. Ин даста аз фиребгарони худбохтаи бењувият, њарчанд дар давоми сол алайњи давлату миллати Тољик сели иттилоти ѓаразноку беасос ва њангомаљўёнаро тариќи шабакањои иљтимої бар фазо пахш карданд, аммо шањрвандони азизи кишвар дигар аз найрангу дуруѓ ва чоплусиву њаннотї ва худбохтагиву бењувиятї ва афкори зидимилливу зидибашарии онњо огоњ аст. Дигар афсонањои роњбарони ин ташаккулаи террористиро касе бовар нахоњад кард. Чењраи воќеии онњо назди мардум дар ин сол ошкор гардид ва кушишњояшон дар ин самт низ беасар буд...

Хулоса соле, ки сипарӣ шуд, барои худбохтагони бењувияти вопасгаро як соли пуршикаст буд. Соле ки кушишњояшон бар абас рафт. Соле ки дуруѓгўиву шаёдиашон бармало шуд. Соле ки чењраи аслиашон назди љомеаи љањонї ошкор шуд...

Эҳсони Илҳом,

таҳлилгар