(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Соли 2018 бо воқеъаҳо ва ҳодисаҳои аљибу ғарибаш дар хотирҳо мондааст. Яке аз воқеъаҳои аљиби дар соли гузашта рухдода муноќишаи тудаи террористони нањзатї бо яке аз аъзоёни њайати Љумњурии Тољикистон Мурод Саидзода зимни баргузории конфронси САЊА дар шањри Варшаваи Лањистон буд. Аз як тараф сар задани чунин як  њолати ногувор зимни баргузории њамоиши сатњи байналмилалї амали нохуб буд. Вале таҳлили љараёни ҳодисаи мазкур ва тамошои навори видеоии он муноќиша исбот мекунад, ки фаъолони ташкилоти террористии наҳзатї бо маќсади бадном кардани њайати Тољикистон ин иѓворо барангехта будаанд.

Агар фаъолияти чандинсолаи наҳзатиҳоро таҳлил кунем, мефаҳмем, ки  табиату тарзу усули рафторашон чунин аст, ки барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ њамеша иѓвою тавтеа месозанд ва њиллаю найрангро ба кор меандозанд. Ба чунин иғвогарию макрҳо бештар дар ҳолатҳое даст мезананд, ки беилољ мондаанд. Дар шароити кунунї ҳам ин тудаи террористу љинояткор заифу нотавонанд ва комилан дар назди мардуми кишвар ва берун аз он расво гардидаанд. Зеро тамоми љиноятњою хиёнатњояшон фош гардидааст ва маќсадњои баду нопокашон ҳам ба њама маълуманд. Тавре ки аз муносибати ниҳоят сарди намояндагони САЊА ба фаъолни наҳзатӣ ҳангоми  баргузории конфронс дар Варшава маълум гардид, созмонњои байналмилалї њам дигар чењараи аслии ин љинояткоронро шинохтаанд ва ба онњо эътимод надоранд.

Љиҳати дигари љолиби воқеаҳои он шабу рўз иштироки ду нафар аз роњбарони собиќи наҳзатї (Айёмиддин Сатторов ва Мулло Абдурањим) дар конфронси мазкури САҲА ба ҳисоб мерафт, ки нањзатињоро ба даҳшат андохта буд. Ин ду нафар тамоми амалњои палидона ва љиноятњои  ташкилоти террористии мазкурро зимни суханрониҳо ва баҳсҳояшон дар конфронси номбаршуда фош карданд.

Дар натиља чунин њолате ба миён омад, ки  роњбарони наҳзатї барои бадном кардани њайати Тољикистон ба љуз аз иѓвобарангезї ва муноќиша кардан ягон илољи дигаре наёфтаанд. Маълум аст, ки ташкили ин муноќиша аз тарафи раёсати наҳзатї пешакї маслињат шуда ва бо дастури роҳбарашон амалї карда шуда буд. Мувофиқи маслиҳати пешакї масъулони наҳзатї чунин њолатеро ба миён оварданд, ки Мурод Саидзода  ба ѓайр аз фаровардани як мушти обдор ба башараи  манфурашон дигар илоље надошт. Ин љинояткорон Айёмиддин Сатторовро тањќиру масхара карданї буданд, аммо боз худашон расво шуданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Варшава муноќишаи мазкурро санљишу тањќиќ карда, ба хулосае омад, ки ҳамин гурўҳи террористони наҳзатї айбдоранд. Ин ягон љойи тааљуб ҳам надорад, зеро љинояткор агар ба Аврупою Амрико ҳам равад, боз ҳамон љинояткор мемонад.

Ҳамин тавр, зимни баргузории конфронси САҲА дар моҳи сентябри соли гузашта мардуми кишварамон ва љомеаи љањонї бори дигар шоњиди иѓвобарангезию маккории нањзатињои палид гардиданд. Мољаро ва тавтеасозињои роњбарону масъулони наҳзат дар он ҳолат баръало ошкор шуд.  Албатта дар он маврид бо вуљуди талоши зиёд ва ба кор андохтани њар гуна њиллаву найранг нањзатињо дар рафти конфронси мазкур ба њадафи нопоки худ ноил нагардиданд, зеро ба роњи хато ва љинояткорию хиёнаткорї рафтаанд.

Аъзои ҳайти Тољикистон Мурод Саидзода, ки љавонмарди дорои нангу номус ва њисси ватандўстї будааст, палидию ифлосї ва нобакории  масъулони наҳзатиро аз наздик дида, ба таври табиї ва њамчун як шаҳрванди кишварамон вокуниш нишон дода буд. Воқеан дар муқобили иѓвогарињои душманонаи нањзатї он лањза ягон амали дигаре њам дуруст намеомад.  Дар асл, ин на танњо мушти Мурод Саидзода буд, балки мушти тамоми миллат ба башараи манфуру хабиси нањзатиҳо буд.

 

Парвизи Мирзо, таҳлилгар