(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иғвогарию моҷароҷӯӣ ва дигар амалҳои палидона барои террористони наҳзатӣ як кори маъмулӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон ҳамеша аз усулҳои ноҷавонмардона истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар дилхоҳ ҳолату маврид аз тарафи инҳо сар задани макру ҳиллаҳои ғайриинсонӣ эҳтимол дорад.

Масалан, аз љониби роњбарияти ташкилоти террористии нањзатї   барангехтани иѓво ва ба миён овардани муноќиша бо аъзои ҳайати Тољикистон дар рафти конфронси САЊА дар шањри Варшаваи Лањистон сентябри соли гузашта ҳаргиз ѓайричашмдошт ва ногањонї набуд. Балки он як амали қаблан тарҳрезишуда ва мақсаднок буд. Мо дар давоми солњои зиёд ба тарзи фаъолияту муборизаи нољавонмардона ва њиллаю найрангњои нањзатињо одат кардаем. Ин тудаи табоҳкор  њамеша дар њолати зўромад мољарољўї мекунанд ва  усулњои пасту разилонаро ба кор мебаранд.

Дар сентябри соли 2018 ҳам мисли сентябри соли 2015 (он замон кўшиши табаддулоти низомї анљом дода буданд) дар зери табассумњо ва муомилаи хуши нањзатињо, ки дар рафти конфронси САЊА зоњир мекарданд, нияти баду амалњои хашинашон пинњон гардида буд. Роњбарону фаъолони ташкилоти террористии нањзатї тавтеа ва иѓвогарињои худро пешакї ба наќша гирифта тарњрезї карда буданд. Онњо танњо фурсати мувофиқ мељустанд. Ин гуна фурсати муносиб дар рафти конфронси САҲА ҳангоми њозир гардидани яке аз таъсисдињандагони ташкилоти наҳзатї Айёмиддин Сатторов дар он љо  буд.

Дар ҳақиқат ҳузури Айёмиддин Сатторов дар конфронси САЊА роњбарияти наҳзатиро сахт тарсонда буд. Чунки вай шоњиди бевоситаи тамоми фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ташкилоти палидон буда, љиноятњо ва маќсадњои аслии онҳоро ошкор мекунад. Дар муќобили Сатторов наҳзатиҳои табоҳкор дигар чизе гуфта натавонистанд. Дуруѓу макри нањзатї дар муќобили воќеияту њаќиќате ки Айёмиддин Сатторов ва Муло Абдурањим баён карданд, фош гардида, расвоию шармандагии онҳоро ба њама, аз љумла ба намояндагони созмонњои байналмилалї пурра маълум кард.

Тавре ки маълум гардид, сабаби аслии иѓво барангехтану мољаро ташкил кардани нањзатињо иштироки њамин ду нафар роњбарони собиќашон дар конфронси САЊА дар Варша буд.  Амали мазкури нањзатињои љинояткор аз беилољию нотавонї ва заиф мондан дар муќобили њаќиќат буд. Роњбарону масъулони нањзатї медонистанд, ки баъди пурра фош шудани маќсаду љиноятњояшон, дигар онњо дар Аврупо њам на њамчун неруи сиёсии мухолиф ва гуреза, балки ба сифати як ташкилоти террористї шинохта шуда тадриљан њолашон табоњ гардид.

Пас аз анљом ёфтани конфронси мазкур ва ба аврупоињо шинохта шудани чењраи аслии террористони наҳзатї, эњтимоли аз он кишварњо хориљ кардан ва ё дастгир шудани фаъолони ин ташкилот  зиёд гардидааст. Онҳо дар ояндаи наздик маљбуранд, ки дар назди ќонун ва мардуми кишвар барои љиноятњояшон љавоб гўянд.

Ба љойи Мурод Саидзода агар њар як љавонмарди дигари тољикистонї њам мебуд, бояд чунин мекард. Яъне як мушти  обдор ба дањони бефаровези нањзатињои террорист мезад. Бешубња ин мушти Мурод Саидзода дар таърих мемонад, зеро љавобест ба пастию палидињои љинояткорони террорист ва душмани мардум.

 

Диловари Хуршед,

таҳлилгар