(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд бо азми роҳбарияти он бо мақсади тавсеаи нуфузи он ҳамчун минтақаи саноатии вилоят ва таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт, ҷиҳати вусъат бахшидан ба истеҳсолоти воридотивазкунанда ва афзунгардонии иқтидори содиротӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.

Боиси қаноатмандист, ки соли ҷорӣ барои ин соҳа хеле бобарор буда, новобаста аз омилҳои манфии таъсири беруна ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1033,3 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз афзудааст.

Таҳлили нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботӣ собит намуд, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шумораи корхонаю муассисаҳо ба 1783 адад расида, теъдоди умумии кормандон 1081 адад зиёд шудааст, 12 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) бо теъдоди 296 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои калону хурд ба 165 адад расидааст.

Боиси тазаккур аст, ки баҳри рушди соҳаи саноати шаҳр ба маблағи зиёда аз 73,0 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 24 дар сад афзудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ номгўи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшаванда низ зиёд шуда, аз ҷониби 11 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 166,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои муштаракулманофеъ содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,1 миллион сомонӣ ё 4,5 дар сад зиёд шудааст.

Ҷиҳати истеҳсол молҳои воридотивазкунанда низ тадбирҳо андешида шуда, аз миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ 54 адад ё 32,7 фоизашон 21 намуд молҳои воридотивазкунанда ба маблағи 292,3 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 35,1 миллион сомонӣ ё 13,6 фоиз зиёд мебошад. Ин омилҳо бешубха барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд