(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Камина, Кабирӣ бо тахаллуси «ал-файзободӣ» дар соли 2018 миллатро ба хоку хун кашидам ва амалҳои ман дар ин соли «пурбор» аз ин қарор аст:

  1. 29-уми июли соли 2018 террористрҳоро роҳанамоӣ кардам бо сардории Нахӯдов ва сайёҳони хориҷиро куштам. Чанд нафари онҳоро захмӣ кардам.
  2. Дар давоми сол 5 гурӯҳи террористиро аз кишвари охундӣ ба Тоҷикистон фиристодам, то амалиётҳои террористӣ анҷом диҳанд. Мутаассифона онҳо ба шарофати фарзандони асили ин Ватан дастгир шуданд.
  3. Хиёнати миллиро такрор карда, дар ин 3 даҳсола боз паймони зиддмилӣӣ таъсис додам ва худамро раҳбар тарошидам.
  4. Демократҳои ихвониманишро боз ба ҷабҳаи қатлу ғорат кашидам.
  5. Дар нақшаҳои зиддитоҷикӣ дар қаламрави кишварҳои сеюм шарик шудам. Агар дар солҳои 90-ум ин гуна кишвар Афғонистон буд, ҳоло бинобар тамоюли пулдӯстиам, кишварҳои Эрон ва Аврупоро домангир шудаам ва худам ба ибораи устод Айнӣ «доманрас».
  6. Мафтуншавии наҳзатиҳо ва атрофиёнашон аз мафкураи ихвонӣ, яъне ҳамон мафкурае, ки ДОИШ ва «ал-Қоида»-ро ба вуҷуд овард ва Сурияву Ироқро ба хок яксон кард, дар ҳолати боло рафтан аст.
  7. Мансубияти наҳзатиҳо ба ин хоку бум боз аз он лиҳоз, машкук ва хатарофар аст, ки он чун абзори дасти хоҷагони хориҷӣ, нашри маводи ғаразноки зиддимиллиро ба забони хориҷӣ ба роҳ мондааст ва чун пойгоҳи зиддииттилоотии рақибони минтақавӣ ба муқобили дастовардҳои ҷумҳурӣ ва МИЛЛАТИ ТОҶИК мубориза мебарад.
  8. Кӯдаки ҳушёр пистони ду моморо мемакад. Наҳзат ин ҳолатро амалӣ мекунад: аз як чо Эронро мемакад ва дигар тараф бо Олами Қӯҳан ёр шудааст. Вале ӯ фаромӯш кардааст, «Панири ройгон танҳо дар мушқаппак аст», ба ҳар ҳарфу сухан ҷавоб бояд дод. Дар назди миллат.

 

Соли Нави террристиатон муборак набошад ПЗМ

Комрон Искандаров, таҳлилгар