(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Минбари ифротиҳои хориҷиюни «Кимиёи саодат» бо кимиёгарии ба худ хоси олуси Юнус кӯшиш дорад, ҷиноятеро ки мисли рӯзи равшан аз ҷониби наҳзатиҳо нисбат ба сайёҳони хориҷӣ содир шудааст, рӯпӯш кунанд ва бо таҳлилҳои сарипоии сатҳӣ онҳоро «моли ДОИШ» бидонанд.

Ахборе ки аз ҷониби рӯзномаи амрикоии «Таймс» бо истинод ба сомонаи «Настоящее время» иқрор шуд, ки ҳизби террористии наҳзат, онро созмондиҳӣ ва амалӣ кардааст. Яъне пушаймонии бадтар аз гуноҳ. Мардумро ба хоку хун кашиданд ва боз дар кишварҳои онҳо рафта, мақоми паноҳандагӣ ҳам талабгор ҳастанд.

Коршиносони хориҷӣ аз ҳилаҳои шаръии наҳзат бехабаранд. Ин тоифа дар дили Аврупо ҷой гирифта, бахши хобрафтаи ҳаракатҳои террористии ҷаҳонӣ мебошад. Мисли каждум дар ҳолатҳое зарба ба сулҳу оромии кишвар мезананд, ки ҳеҷ кас интизорашро надорад. Ғарбиҳо намедонанд, ки «Ал-Қойида», «ДОИШ» ҳама аз як барномаи сиёсӣ-мазҳабӣ маншаъ мегиранд, ки онро дар мамолики арабу аҷам: «Ихвон-ул-муслимин» мегӯянд. Падарони маънавияшон ҳам як ё ду одам аст:Саид Қутб ва Ҳасани Банно.

Булъаҷабии корро бинед, ғарбиҳо ҷомеаи орӣ аз дину диёнатро сохта, пешравии технологияи муосирро имтиҳон мекунанд, дар радифи Моҳу Миррих ҷой мегиранд, вале боз ҳам ба кишварҳои ҷаҳони сеюм, тарғиби ҳаракатҳои террористии хиёнатманишро, ки 3 даҳсола ҷомеаро ба гаравгон гирифтаанд, тавсияҳои «коршиносона» медиҳанд. Агар ин тоифа ин қадар азизу меҳрубонанд, дар кишварҳои худ онҳоро ҷойгоҳ бидиҳед ва ҷомеаи таҳаммулпазири худро комил бисозед, ки танҳо террористон дар он ҷо намерасанд.

Тааҷчуби муҳити илмӣ ва коршиносии Точикистон андоза надорад, зеро медонанд ки ҳамин наҳзатиҳо дар рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи аз байнрафтаи «наҳзат» насрониву яҳудро тавҳину таҳқир мекарданд, ҷомеаро ба худиву бегона таҷзия мекарданд, вале боз ҳам ғарбиҳои соддалавҳа ҳастанд, ба ин ифротиҳо ҷой медиҳанд, минбар медиҳанд. Ин воизони беватан агар маҳбуб ва азиз мебуданд, ақалан мардум монеаи рафтани онҳо мешуд, вале чӣ тавре ки мебинем аз рӯйи ин ҷангандозҳо безоранд.

Овози дуҳул аз дур хуш аст. Овози ифротӣ аз дур бисёр хуш аст. Ҳар чи гӯед ва менависед, амали содиршуда далолат аз он мекунад, ки дар 3 даҳсолаи наздик наҳзат ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ дар минтақа даст дорад. Ҳеҷ коршинос ин ҳақиқати мутлақ-аксиомаро рад карда наметавонад. Омили нооромӣ- наҳзат. Омили ҷанг-наҳзат. Омил харобӣ-наҳзат аст.

 

Киром Давлатов, таҳлилгар