(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати Соли нави мелодии 2018 дастархони идона ороста шуд.

Сарбозони Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз осоиштагии кишвар бо рӯҳияи баланди ватандӯстона чорабиниҳои бахшида ба Соли нави мелодиро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Раҳмон Султонзода афсарон ва сарбозони шуҷои Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст:" Мо бо соли 2018-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани азиз, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегўем ва соли нави 2019-уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Итминони комил дорам, ки дар соли 2019 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои супоришҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, баҳри боз ҳам шукуфонтар гардидани Ватани азизамон бахшида ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандаву бунёдкоронаро идома хоҳем дод.

Дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли нави 2019-и мелодӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар такя ба нерўи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ҳамаи имконият ва нерўи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастоварҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем".

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд