(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз дар барои аскарон ва афсарон ба муносибати Соли нави мелодӣ дастархони идона густурда шуд.

Аюб Раҳматзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи аскарону афсарон расонд, ки дар он аз ҷумла қайд гардидааст: "Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шумо сокинони Хуҷандшаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии шаҳр бо фарорасии соли нави мелодии 2019 самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо тансиҳативу рўзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракатро орзу менамоям.

Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2018 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд. Ин пеш аз ҳама татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид ва беҳтар шудани ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии нақши муассир гузошт".

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд