(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баъди тамошои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки тариқи оинаи нилгун манзур гардид, ба манзили як чанд нафар камбизоатон, ятимон ва собиқорони меҳнат рафта, онҳоро аёдат ва бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба аёдатшудагон маводи озуқа ва туҳфаҳои солинавӣ расонда аз ҷумла таъкид дошт, ки соли 2018 барои сокинони Тоҷикистони азиз соли комёбиҳои бузург ва дастоварҳои назаррас буд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил ёфтааст.

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардидаистода- дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» меҳнати пурсамар намуда, дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаббой Аҳмадзода содиқона талош варзиданд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар ин лаҳзаҳои фарорасии Соли нави 2019-и мелодӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки дар такя ба нерўи созандаи мардуми фарҳангиву таҳаммулгарои худ ҳамаи имконият ва нерўи хешро ба хотири таҳкими озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастоварҳои он ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар созем. Бигзор, Соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. 
Аёдатшудагон Норинисо Абдукаримова, Муҳаббат Бобоҷонова, Тоҷихон Ғиёсова, Муқим Калонов, Муҳаббат Исоева ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхориву муроот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён сохта, таъкид доштанд, ки шукронаи Давлату Ҳукумат менамоянд, ки ягон лаҳза эшонро фаромӯш намесозанд. Сиёсати одилона ва раъиятпарваронаи Роҳбари Давлат дар маҳалҳо амалӣ гардида истодааст, ки моро мамнун месозад. Бо хотири ҷамъ сар ба болин мемонанд ва ҳаргиз худро танҳову бекас ва нотавон ҳис намесозанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд