(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altТибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Соли нави мелодии 2019 аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов якчанд нафар куҳансолону камбизоатон ва собиқадорони арсаи меҳнат мавриди аёдат қарор гирифтанд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ба шарофати сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, заҳмати софдилонаи сокинони мамлакат соли 2018 дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуданд, иқдомҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ва ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номуси мамлакат идома пайдо карданд. Дар натиҷа пойдевори давлати миллиамон боз ҳам қавӣ ва нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳон хеле таҳким ёфт ва муҳимтар аз ҳама, иқдому ташаббусҳои зикршуда боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардиданд. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2018 ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ, инчунин бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони бекор як силсила тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардониданд. Дар қаламрави вилоят таҳти раҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арсаи бунёдкорӣ то 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун бомаром идома дорад.

Сокинони шаҳри Хуҷанд Инобат Абдушукурова, Дилкашбону Маҳмудова, Марҳабо Ҷалилова, Хайринисо Ёқубова, Рухсат Темурова, Зуҳро Шукурова аз ин таваҷҷуҳ ва хайрхоҳӣ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён сохта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Соли 2018 соли бобарор ва ободкориву созандагӣ буд. Умедворем, ки бо азму талошҳои мардуми шарафманди кишвар соли 2019 марҳилаи дигари рушди кишвар хоҳад шуд. Аёдати шахсони бемор, ба дармондагону ниёзмандон ва ашхоси камбизоат хайру эҳсон намудан, ки ба маҳаки асосии фаъолияти роҳбарияти вилояти Суғд қарор гирифтааст, моро боз ҳам рӯҳбаланд менамояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯз ҳамчунин аз ҷониби муовини аввал, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд ва масъулини Мақомоти ичроияи ҳокимият давлатии шаҳр туҳфаҳои солинавӣ ва кӯмакҳои маводи ниёзи аввалияро, ки ба ашхоси камбизоат аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷудо шуда буд, ба 65 нафар эҳтиёҷмандон дастрас намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд