(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Соли нави мелодӣ санаи 28-уми декабри соли равон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, хона-парваришгоҳ барои шахсони бепаноҳмонда, маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад. Дар ин бора нақша чорабиниҳо тасдиқ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нақшаи чорабинии мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои номбурда маҳфилҳои идона баргузор ва бошандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин дар ҳамаи қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Хуҷанд чунин чорабиниҳо баргузор ва дастархони идона густурда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд