(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласа барпо ва фаъолони ҳашарҳои дастҷамъонаю ташаббускорони ҳифзи муҳити зист бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Нахуст наворҳои тарғиботии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншинкании муҳити атроф ва роҳҳои бартараф кардани он ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сипас, намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Хуршед Саидов баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҳамарӯза дар чорабиниҳои мухталифе, ки аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд пиёда карда мешавад, идораву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Азиз Дӯсматов аз саҳми хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ дар ободонии маҳалли таҳсил ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр тавсиф намуда, ин иқдомро дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва меҳанпарӣ муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, як қатор роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла МТМУ №10, гимназияи № 13, литсейҳои касбӣ –техникии №31,№56, литсейи касбӣ политехникии №44, коллеҷи омӯзгорӣ , коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо бо тӯҳфа ва сипосномаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд