(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз низ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар назди театри Камоли Хуҷандӣ бо фаровонӣ ташкил карда шуд.

Дар ярмарка нархи як кило гӯшт аз 33 сомонӣ, пиёз 60 дирам, лаблабу 2 сомонӣ, равған 10 сомонӣ, картошка аз 1 сомонию 20 дирам, себ 2 сомонӣ ва ғайраҳо муайян шуда, харидорон аз фаровонии ярмарка изҳори хушнудӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони солинавии мардум сурат гирифта, он ҳамарӯза то 31.12.2018 идома хоҳад ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд