(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНишасти 168-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дирӯз  дар толори Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, ки он ба масоили равобити адабӣ бахшида шуд.Маҳфилро сарвари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида меҳмони арҷманди маҳфил Ваҳҳоб Раҳмонов, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда ба таърихи дӯстии ин ду миллат руҷӯъ кард.Аз ҷумла гуфт, ки дар саргаҳи ин дӯстӣ Абдураҳмони Ҷомӣ ва навоӣ меистад. Робитаи Ҷомӣ ва Навоӣ хеле гуногунпаҳлў буд. Ќабл аз ҳама фикру андеша ва ҷаҳонфаҳмию ҷаҳонбинии онҳо ба ҳамдигар хеле наздик будааст. Зеро ҳарду ҳам пайрави тариќати Наќшбандия буданд. Нигоҳи онҳо ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иќтисодиву фарҳангӣ, ба масъалаҳои хайру шар, адлу зулм, некию бадӣ, ҷангу сулҳ, адабиёту ҳунар ва амсоли инҳо ба ҳамдигар иртиботи ќавӣ дошт. Онҳо пайваста аз ҳолу аҳволи якдигар огоҳ буданд, ба манзили зисти ҳамдигар рафтуомад доштанд. Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба меҳмони азизи маҳфил тӯҳфаи хотиравӣ силсилаи китобҳои тозанашри устодони Донишгоҳро ҳадя кард.

Сипас дар мавзӯи “ Андар матншиносии осори адабии суханварони классикӣ” меҳмон аз кишвари ҳамсоя ва дӯст адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ваҳҳоб Раҳмоно маърӯза кард. Ӯ гуфт,ки адабиёти ӯзбекро бе адабиёти тоҷик тасаввур кардан имконнопазир аст. Барои дарку маърифати назму насри адабиёти ӯзбек донистани таърих,назария ва хусусиятҳои адабиёти тоҷик ҳатмист. Ваҳҳоб Раҳмон ба ҳозирин китоби “Таърихи Рашидӣ”ро(ба забони русӣ) муаррифӣ кард,ки муаллифи он  Мирзо Муҳаммад Ҳайдар ибни Мирзо Ҳусайни Давлатӣ мебошад,ки зодаи Истаравшан будааст.Ваҳҳоб Раҳмон гуфт, ки дар дасти ӯ нусхаи қаламии ин китоб ба забони форсӣ тоҷикӣ мавҷуд аст,ки олимони тоҷикро месазад дар чопи крилии он саҳгузор бошанд.Баъдан дар мавзӯи “ Рушди адабиёти ӯзбекӣ дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон”Абдусалом Абдуқодиров  профессори Донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров  суханронӣ кард.Ӯ ба ҳозирин аз фаъолияти суханварони ӯзбекзабони Тоҷикистон маълумот дод.

Маърӯзаи Фирӯза Қаюмова,  дотсенти Донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров  дар мавзӯи “Аз таърихи тарҷумаи осори адабиёти тоҷику форс ба забони ӯзбекӣ” бо мазмуну мӯҳтавои худ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Фирӯза Қаюмова бо мисолҳои мушаххас муҳимтарин ҷанбаҳои тарҷумаи осори адибони классикии тоҷикро ба забони ӯзбекӣ баён кард...

Дар маърӯзаи Бахтиёр Файзуллоев, дотсенти Донишгоҳи   давлатии  Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,  ва Ӯрунбой Усмон, мудири бахши адабиёти ӯзбеки шӯъбаи суғдии ИН Тоҷикистон, нависанда “ Назаре ба тарҷумаи адибони муосири  тоҷик ба забони ӯзбекӣ аз вазъи имрӯзаи тарҷума сухан рафт.Боиси зикр аст,ки дар радифи силсилаи асарҳо суханварони тоҷик  китобҳои нависандаи номвари тоҷик Маъруф Бобоҷон ба забони ӯзбекӣ тарҷума ёфта дар миёни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст. Як бахши сӯҳбати ин ду нафар дар бораи китобҳои Маъруф Бобоҷон сурат гирифт .

Дар минбари шеъри маҳфил суханварон Солеҳа Олимова, Султонмурод Ҳоҷибоев, Мунаввара Ойматова, Ҷамшед Пиримов, Тӯтинисо Юсуфбекова, Эгамназар Соҳибназаров, Шариф Нуриддин, ва дигарон аз ашъорашон шеър хонданд.

Суруду навоҳои дилангези Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Тӯлқин Тоҷибоев, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Очилбоев ва сарояндаи хушсадо Сардорбек ба маҳфил файзи дигар ато кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд