(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони шаҳр бо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҷамшед Абдуқаюмзод, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки коррупсия дар шароити ҳозира яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа буда, бояд мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб бо тарзу услҳои гуногун пурзӯр карда шавад. Мубориза бар зидди коррупсия ва татбиқи ҳамаҷонибаи стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар оянда низ ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.

Сипас, доир ба натичаҳои тафтиши маҷмуъи ташаккул ва иҷриши буҷети шаҳри Хуҷанд дар давраи солҳои 2016, 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 Баҳром Қурбонзода, сардори бахши дуюми Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумоти муфассал ироа намуд.

Дилшод Зарифӣ, сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҷеъ ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ахборот дод.

Зикр гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Мвҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он сутуни давлатдориро заиф гардонида, обрую нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад.

«Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» санади барномавии дурнамои миёнамуҳлатисиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия буда, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории зич байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки то ба анҷом расидани муҳлати пешбинишудаи санади барномавии миёнамуҳлати зиддикоррупсионӣ сатҳи коррупсия дар кишвар паст гардида, шароит барои рушди иқтисодӣ, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум фароҳам оварда шавад.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро коҳиш диҳем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд