(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар доираи мулоқоти худ бо донишҷӯёни шуъбаҳои рузонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли нави мелодии 2019 ба 119 нафар донишҷуён кӯмаки молиявӣ расонид.

Зимни супоридани маблағҳои пулӣ ба донишҷӯён Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз дастовардҳои муҳими соли 2018 иттилоъ дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди зиёда аз 510 иншоот ба нақша гирифта шуда, аллакай дар 100 иншоот корҳо бомаром ҷараён дорад. Бунёди роҳи танобӣ, азнавсозии боғи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ бо расадхона, даҳҳо адад биноҳои баландошёна, корхонаҳои нави саноатии воридотивазкунанда, иншооти маорифу тандурустӣ аз муҳимтарин ҷабҳаҳои бунёдкорӣ унвон гардид.

Раиси шаҳр аз донишҷуён даъват ба амал овард, ки бо хониши аъло ва интизоми намунавӣ дар амалишавии иқдоми наҷибу созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳиссагзорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд