(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка, ки дар назди майдони театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ташкил гардидааст, ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 10-20 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархонаи идонаи мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.

Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони солинавии мардум сурат гирифта, он ҳамарӯза то 31.12.2018 идома хоҳад ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ маҷмуъи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ба 7, 5 миллиард сомонӣ расонида шуд. Нақшаи истеҳсоли тамоми анвои кишоварзӣ аз 102 то 135 фисад иҷро гардид. Соли ҷорӣ нисбати соли гузашта 100 ҳазор тонна картошка ва беш аз 2000 тонна биринҷ бештар истеҳсол карда шуд. Истифодаи дурусти гармхонаҳо имкон дод, ки нархи полезӣ, аз ҷумла помидор беш аз 50 фисад дар бозорҳо арзон карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд беш аз 50 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, дар он зиёда аз 3500 тонна маҳсулот фурӯхта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд