(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 18 -уми декабри соли равон дар толори гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд хонандагони синфи 10 «б» ва 11 «в» дарс-муколама дар самти татбиқ ва аҳамияти мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масьулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ташкил намуданд.

Роҳбари синф муаллимаи пешкадам Аълочии маорифи Тоҷикистон Раъно Султонова бо пешгуфтор ва саволу ҷавоб тариқи слайд муколамаро оғоз намуд.

Дарс - муколама шавқовар гузашт. Хонандагон аз ҳаёти рӯзмарра вобаста ба мавзуъи интихобшуда саҳначаҳо намоиш доданд ва он муҳокимаронӣ карданд.Зикр шуд, ки тибқи қонун падару модарон дар як радиф бо муассисаҳои таълимӣ дар роҳи тарбияи фарзандон дар рўҳияи инсондўстию ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳамчунин дифоъ аз ҳуқуқ ва манофеи кўдакон масъулият доранд.

Дар чорабинӣ намояндагони шуьбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва волидайни хонандагон иштирок доштанд.

Директори гимназияи №4 Зулфия Ашӯрова ба дарси гузаронидашуда баҳои баланд дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар роҳи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масьулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бетарафӣ зоҳир накарда, масъулияти ҷиддӣ нишон диҳанд. Зеро тарбияи насли солимфикр миллати моро ба саодат мерасонад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд