(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, узви Раёсат, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кормандони дастгоҳи он, раисони кумиҷроия, фаъолону собиқадорони ҳизбу меҳнат иштирок доштанд.

Раиси маҷлис, муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода иттилоъ дод, ки рӯзномаи ҷаласа аз се масъала иборат аст. Бо ҷонибдории аъзои кумиҷроия масъалаҳои рӯзнома баррасӣ гардида, нахуст, дар ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тағйирот ворид карда шуд. Ин ҳайат аз 11 нафар ба 13 нафар расонида шуда, Сатториён Матлубахон Амонзода ва Анварзода Амир аъзои он интихоб гаштанд.

Аз сабаби иваз намудани вазифа ва ҷои зист аз ҳайати Кумиҷроия  Раҳматзода Рустам Мирзо ва Гавҳар Мухторова бароварда шуда, номзадии Тӯйғун Шарифов ва Фирдавс Саидов пешниҳод ва аз ҷониби аъзои Кумиҷроия тасдиқ гардиданд.

Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бинобар ба кори дигар гузаштанаш озод намудани Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд буд. Дар асоси қарори Маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бинобар ба кори дигар гузаштанаш Сарфароз Фаттоҳзода аз ин вазифа озод гардид.

Мувофиқи талаботи Оинномаи ҲХДТ номзад ба мансаби раиси кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят дар асоси розигии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Дар натиҷаи омӯзиши Раиси муаззами ҳизбамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раисии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд номзадии Сатториён Матлубахон Амонзода пазируфта шуда, номзадии мавсуф дар маҷлиси кумиҷроия пешниҳод гардид.

Бо ҷонибдории аъзои Кумиҷроия Матлубахон Сатториён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд.

Баъди баррасии рӯзномаи маҷлис собиқадорони меҳнату ҳизбӣ Каромулло Одилов, Каромат Қосимова, раиси шӯрои собиқадорони КИВ Анвар Ҷалилов ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов аз хидматҳои Сарфароз Фаттоҳзода дар пешрафти фаъолияти Кумиҷроияи вилоятӣ ёдовар шуданд. Ҳамзамон, ба Раиси тозаинтихоби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён барору пирӯзӣ таманно карданд.

Матлубахон Сатториён раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Кумиҷроияву фаъолон барои боварӣ арзи сипос намуд. Таъкид кард, ки тамоми донишу таҷрибаашро барои пешрафти кори ҳизб ва баланд бардоштани нуфузу эътибори ҲХДТ равона хоҳад кард.

Сарфароз Фаттоҳзода низ гуфт, ки минбаъд ҳам барои рушду пешрафти диёр софдилона хизмат мекунад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ба раиси тозаинтихоб барои амалисозии барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ барору комёбӣ хост. Ба гуфтаи Назира Ғаффорӣ мақсад ва барномаҳои ҲХДТ бо ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам аст. Вай аъзои ин ҳизби сиёсӣ буданро, ки сарварияшро Пешвои миллат бар зимма доранд, шарафи бузург донист ва аз аъзову фаъолон, кормандони кумиҷроияи ҳизбӣ даъват кард, ки барои амалисозии барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ боз ҳам фаъол бошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд