(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳоҷир» гузаронида шуд. Дар чорабинӣ Элмурод Турсунов -мушовири роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурулло Назаров, сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамшед Қаландаров муовини директори муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ-Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, З. Шарифӣ сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷ. Абдуқаюмзода.-муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, мудирони шӯъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, фаъолони маҳаллаҳои шаҳр ва донишҷӯён иштирок доштанд.

altҶамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро оғоз намуда, аҳли ҷамъомадагонро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо «Рӯзи байналмилалии муҳоҷир» табрик намуд.

Сипас, меҳмонон ҳозиринро бо Рузи байналмилалии муҳоҷир, ки санаи 18-декабр баргузор мегардад, аз номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд ва изҳои миннатдории хешро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ташкили чунин чорабинӣ иброз намуданд.

Баъдан сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд баромад карда таъкид кард, ки Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро, ки таҷлили он дар солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон ба ҳукми анъана даромадааст, Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шукӯҳу шаҳомати хосса доранд. Аз ҷумла аҳли ҷомеаро ҳануз ҳиссиёти баланд ва рӯҳияи идона аз мавриди истифода қарор гирифтани агрегати нахустини Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» тарк нагуфтааст.

Таъкид шуд, ки раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо аз оғози фаъолияташон ҳамкории зич бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои амниятӣ, сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо, созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва фаъолони ҷомеа ба роҳ мондаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд