(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бори нахуст мусобиқаи шоҳмот байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур аз 26 макотиби шаҳри Хуҷанд беш аз 80 нафар муҳассилин иштирок намуданд. Дар натиҷаи қувваозмоӣ байни писарон ҷойи аввал насиби Манучеҳр Каримов (мактаби хусусии Рустамов) гардида, мақоми дуюмро Акмалҷон Шарипов (МТМУ№ 15) ва зинаи сеюмро Меъроҷ Каримов (мактаби хусусии Рустамов) ба даст оварданд.

Қувваозмоӣ низ байни духтарон бо рақобати солим анҷомида, ҳамин тавр Райҳона Раҳимова (гимназияи №24) , Мадина Исҳоқова (МТМУ №10) ва Шарифа Мамадҷонова (МТМУ №12) мутаносибат ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Ба ғолибон медалу туҳфаҳои хотирави тақдим намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд