(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд озмуни ниҳоии "Мураббияи сол" баргузор гардид ва Ҳанифа Валиева-мураббия аз кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд бо гирифтани 97 хол мақоми аввалро ба даст овард.

Озмун аз руйи 5 шарт сурат гирифта, дар он ғолибони ниҳоии озмуни "Мураббияи сол" аз 6 шаҳру навоҳӣ иштирок доштанд.

Ҳанифа Валиева таҷрибаи беш аз 10 солаи мураббиягӣ дошта, аз фаъолтарин мураббияҳои кудакистонҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.

Акнун Ҳанифа Валиева маҳорати худро дар даври ҷумҳуривии озмуни "Мураббияи сол", ки моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, мавриди санҷиши ҳакамот қарор медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд