(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» 12 адад нақлиётҳои нави партовкашон ворид гардиданд.

Дар маросими ба истифодадиҳии нақлиётҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуда, ин тадбири муҳимро боз як дастгирии навбатиии Роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат маънидод намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарияти шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд. Пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешанд.

Воқеан ҳам бо васеъ гардидани ҳудуди шаҳр, бунёд шудани корхонаҳои нави саноатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон талабот ба хизматрасонии коммуналӣ афзун гардида, партовҳои сахти маишӣ зиёд шуда истодааст. Бо назардошти ин омил роҳбарияти шаҳр ҷиҳати саривақт гирифтани партовҳо аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ободу зебо намудани он чорабиниҳоро амалӣ гардонида истодааст.

Бояд қайд намуд, дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» харидории нақлиёти махсус ва механизмҳо, контейнерҳо ва лавозимотҳои корӣ, барқарор намудани нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ ва корҳои сохтмонӣ, харидории таҷҳизоти коркарди партовҳо ва васеъкунии майдони партовгоҳ пешбинӣ шудааст.

То охири соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи мазкур боз омадани 7 адад техникаи дигари партовкашонӣ пешбинӣ шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд