(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд.

Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба сохтмони тарабхонаи «Форел» ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи он таъкид дошт, ки бунёди чунин тарабхонаи муосир дар соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иқдоми нек буда, шоистаи таҳсин аст.

Тарабхонаи «Форел» барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвнадон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то моҳи майи соли 2019 як шиногоҳ барои мардум ба истифода дода шавад.

altҶоиз ба зикр аст, ки тарабхонаи «Форел» аз ҷониби ҶДММ «Форел» соли оянда то ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии тарабхонаи «Форел» оғоз бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд