05 Декабр 2018
Нафарони нобакоре амсоли наҳзатиҳои террорист, мехоҳанд, ки дар ҷумҳурии Федералии Олмон гирдиҳамоӣ барпо намоянд ва ҳатто намефаҳманд, ки ин амал ба шаъну эътибори миллати сулҳофари тоҷик доғест. Ҳамин нафарон буданд, ки ҳангоми дар вазифа будани Зайд Саидов ӯро ҳамчун ғоратгар ва ҳокими мутлақ фикрронӣ намуда, пешниҳод доштанд, ки аз вазифа барканор шавад. Аммо, бо кадом сабабе имрӯз аз озодии ӯ пайгирӣ менамоянд. Воқеаи баргузидаи дар маҳбасхонаи 3/3-и шаҳри Хуҷандро мақомотҳои салоҳиятнок тафтиш карда истодаанд ва дар анҷоми тафтиш натиҷаи онро ба мардум мефаҳмонанд ва ин масъаларо баҳсе нест.
Танҳо шахсони ватангадову беимон аз кишварҳои дигар талаб мекунанд, ки аз расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва молиявӣ ба Тоҷикистон – Ватани аҷдодиашон худдорӣ намоянд. Нафарони гумроҳу беандешаи нобакор даъво мекунанд, ки кӯмакҳои молиявии давлатҳои дӯст барои саркӯбии озодандешон сарф мешавад. Нодида мегиранд, ки давоми даврони Истиқлолият Тоҷикистон аз давлати қафомондаи харобазор ба мамлакати ободу осуда ва пешрафтаи иқтисодӣ ноил гаштааст. Ин иғвогарону дасисабозонро намефорад, ки дастовардҳои миллату давлати муқаддасамонро воқеъиёна баҳо диҳанд ё худ сарпарастони хориҷии онҳо барои фаҳмиши ин дастовардҳо онҳоро ҳидоят накардаанд?!!
Мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ва дар оянда низ сиёсати пешгирифтаи дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро комилан дастгирӣ менамоянд ва ҳамеша омода ҳастанд, ки нисбати нафарони иғвокору дасисабоз муқобилияти ҷиддии сазовор нишон диҳанд
Асад Аҳлиддинов , таҳлилгар