(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, ғолибони даври шаҳрии олимпиадаро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муборакбод намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мактабу маориф, илму маърифат, таълиму тарбия ба ҳамагон мисли офтоб равшан аст. Зеро илму маориф омили асосии саодати миллат ва бақои човидонагии халқу давлат аст. Бе инкишофи илму маориф ва таълиму тарбияи шоиста таъмини пешравӣ ва шукуфоӣ дар ҷомеа номумкин аст. Ниёгони сарбаланди мо илму донишро бузургтарин сарвати зиндагӣ ҳисобида ганҷи хирадро аз ҳама ганҷҳои дигар воло шумурданд.

altСипас, иттилоъ дода шуд, ки тибқи фармоиши шуъбаи маорифи шаҳр олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар ду марҳила доир гардид. Марҳилаи якум дар МТМУ №5 аз санаи якуми ноябр то ҳаштуми ноябр ва марҳилаи дуюм дар байни хонандагони синфҳои 10 дар Мактаб барои хонандагони болаёқат ва барои синфҳои 11 дар гимназияи 24 баргузор гардид.

Дар Олимпиада байни синфҳои 5-8 аз фанҳои дақиқ 582 нафар иштирок намуданд. Дар синфҳои 9-11 бошад 1240 нафар толибилмон донишу истеъдоди худро санҷиданд. Дар умум аз синфҳои 5-11 1822 нафар хонандагон дар олимпиадаи шаҳрӣ ширкат варзида, маҳорату малокаи хешро имтиҳон намуданд.

Шартҳои олимпиада аз корҳои хаттӣ, ҳалли масъалахои тестӣ ва ғайра иборат буданд ва толибилмон донишу истеъдоди худро аз рӯи 13 фаннҳои таълимӣ тибқи Низомнома санҷиданд.

Ҳамин тавр, аз синфҳои 5-8 198 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз синфҳои 9-11 бошад, 261 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои беҳтарин гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ба донишу истеъдоди толибилмон баҳои арзанда ва воқеӣ дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Фирӯза Нуруллозода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки ғолибони Олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 5-11 дар даври вилоятии озмунҳои фикрӣ шарафи шаҳри Хуҷандро ҳимоя хоҳанд кард.

Cипас, аз тарафи Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони олимпиада диплом ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи тақдим карда шуд.

Интизор меравад, ки моҳи январи соли 2019 аз шумори ғолибони олимпиадаи шаҳрӣ зиёда аз 200 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи даври вилоятӣ иштирок хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд