(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  таҳти раёсати Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода  бо иштироки  муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву воҳидҳои сохторӣ ва идораҳои зертобеъи шаҳр ҷаласаи васеъи корӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба таъғироти кадрии бамаломада иттилоъ дода шуд.

Хамин тавр Тоҳир Толибзода Раиси кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд ва Муҳиддин Раҳимов сардори Корхонаи давлатии «Истифодаи роҳҳо»-и шаҳри Хуҷанд муаррифӣ ва таъин гардиданд.

altРаиси шаҳр ба кадрҳои тозатаъин баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳидоятҳо намуд.

Таъкид карда шуд, ки эшон вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳоди зери роҳбарияшон роҳандозӣ намоянд.

Сипас, роҷеъ ба вазъи иҷрои дастуру супоришҳои дар ҷаласаи қаблӣ ироашуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд ҳисобот доданд. Дар ҷараёни ҷаласа Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон аз роҳбарони як қатор шуъбаву сохторҳо пурсиш ба амал овард.

Масъалаи вазъи иҷрои обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Раиси шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати пур кардани фазои иттилоотӣ ва расонидани қарору фармон ва санадҳои Ҳукумати мамлакат нақши рӯзномаҳои марказиро муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, аз рӯйи дастуру супоришҳои дар ҷаласаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ироагашта аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода масъулини дахлдор вазифагузорӣ гардиданд.

altСипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода масоили марбут ба раванди бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, беҳбудбахшии сифати таълиму тарбия дар макотиби шаҳр, азнавсозии истгоҳҳо, риояи реҷаи кори партовкашонӣ, танзими ҳаракати автобусҳо, фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, ҷамъоварии маблағи андоз, вазъи иҷрои нақшаи буҷа, банду баст ва содироти маҳсулоти ҳунармандӣ, риояи маданияти шаҳрдорӣ, мубориза алайҳи бегонапарастӣ, тоза намудани соҳили дарёи Сир аз алафҳои бегона, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, пешгирии ғайримақсаднок истифодабарии замин ва  ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз масъулин ҷиҳати  вазъи иҷрои он пурсиш ба амал оварда, нисбати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласаи корӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷиҳати татбиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуда, даъват ба амал овард, ки бо заҳмати софдилона меҳнат намуда, баҳри пурмаҳсулии соли эълонгардидаи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагон саҳмгузорӣ намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд