(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Мо арзандаи ҳаёти осоишта" конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба маъракаи иттилоотии "16 рузи алайҳи хушунат нисбати занон" баргузор гардид.

Дар кори конфрон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, намояндагони прокуратураи шаҳри Хуҷанд Беҳруз Қурбонзода, ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Манзура Муъминова, шуъбаи маориф Ҳамроҳ Атаева, «Маркази Гулрухсор" Сабоҳат Бобоҷонова оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила ва роҳҳои ҳалли он маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар анҷоми конфрон баҳри болидахотирии табъи иштирокчиёни он аз ҷониби устодону шогирдони факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд