(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавоби мо ба «журналисти зардина» Темур Варақӣ мебошад. Зеро ӯ дар барномаи телевизионии «паём.нет» ба зиёдаравии маҳз даст задааст, шахсиятҳои муътабарро таҳқир кардааст. Нораво ва беасос будани мантиқи Варақиро ҳамчун атояшро ба лиқояш мебахшем ва бо тарзу усли ӯ ҷавоб медиҳем:

 

  1. Ин миллат аз дасти ҳамин «қлич»-у «бий»-у «қушбегӣ» ва дар ҳадди аршадаш «босмачӣ» садҳо сол аст дар азоб аст. Ин фард, ки ҳеч пойбанди ба ин хоку бум надорад, тоҷик нест ва душмании ирсӣ ва авлодӣ ба намояндагони ин миллати давлатсоз дорад, саъй дорад, Ватани тоҷик ҳама вақт нообод ва харобазор бимонад. Боракалло мантиқи калламанорагиатро. Охир касе боғу роғ обод кард, ин нишонаи садақаи ҷория аст ва дар дину охират аҷри ин ашхос болост.
  2. Варақӣ дар таҳтушшуураш душманӣ ба ин мардум дорад. Гап сари он меравад, ки фалсафаи вуҷудии тахрибкориро моҳирона дар зеҳнияти мардум ҷой мекунад ва ошкору пинҳон ишора дорад, ки ҳамавақт валангор ва бесоҳиб бошед. Яъне барои тоҷикони ободкор, зеҳнияти биёбонӣ ва даштиро таҳмил мекунад.
  3. Ин Темури ланг, ки номашро бинед, ба номи душмани азалии тоҷикҳо номгузорӣ шудааст, ба тоҷикҳои асил тавсия медиҳад, ки аз ҳолати рукуд набароед, ҳаргиз наҷунбед.
  4. Дағдағаи Темуронаи варақӣ, дағдағаи беморгуна аст. Ин миллат дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки «илмро аз Сурайё ҳам бошад ба даст меоварад» чӣ гуна бояд амал кунад? Кунҷи узлат ва хилватнишиниро гузинад? Сокит бошад?
  5. Ҳаракат-меъёри ҳақиқат аст. Бигузор касоне ки обод мекунанд аз хонаву деҳи худ оғоз кунанд, тадриҷан ба сатҳи ноҳияву шаҳр мерасанд ва ба сурати муштарак ба сатҳи ҷумҳурӣ меоянд.  Вале ба мантиқи касалии варақӣ амал кунӣ бояд ҳеч ҳаракате сурат нагирад, танҳо интизори харобкориҳои наҳзатӣ бошем.
  6. Ин гуна афрод худ тавони дарахт шинондан надоранд. Дигаронро насиҳат мекунанд, ки ободкор бошанд.
  7. Темур-оғо таҷрибаи валангор кардани ҷумҳуриро як бор хуб тачриба кардааст. Дар солҳои 90-ум.  Ба наҳзатиҳо пайваста, бо вучуде ки ҳеч кас ном ва насаби ӯро намешинохт, дар маводу мақолаҳои худ таҳрик мекард, ки бародар бародарро ҳар чӣ метавонад кушад, хароб кунад.
  8. Аз соли 2015 ба Темур-оғо шанси таърихии дигар ба вучуд омад. Темур ба паймони зиддимиллӣ ва порчаҳои душманони ғоявии ин халқу бум часпид.  Фаронсавӣ гардид. Дар Ватани Сорбонн ақидаи ифротӣ ва харобкориро тарғиб мекунад.
  9. Ин фард на журналист аст ва на таҳқиқгар. Дар маҳалҳои мо ин угна одамро ёвасаройи кучабозорӣ гӯяндӣ.
  10. Ва даҳум. Темури Варақӣ на забони тоҷикиро медонад ва на дарк мекунад, ки  ин миллат чӣ мехоҳад.  Посухи дандоншикан ба ин тоифамардум ҳамин ободкории мо аст.  Тоҷикистон гулгулшукуфон мешавад ва  ҷойи шумо ифротиҳо то абад холӣ…

 

Фарҳод Калонов, таҳлилгар