(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дурўѓпардозони расонаї масъалањои дигарро як сў гузошта, ба масъалаи аќаллиятњои мусулмони Чин рў оварда, аз њангома сохтани он барои худ имиљ сохтан мехоњанд. Касб кардани ин гуна имиљро аз њама зиёд С. Истаравшанї орзу дорад.

Воќеан, дар љањони пур аз таззод ва бархўрди арзишњои диниву фарњангї кам халќияту давлатњое њастанд, ки аз ин равандњо барканор бошанд. Яке аз ин кишварњо давлати ба мо дўсту њамсоя Љумњурии мардумии Чин мебошад.  Аксарияти ањолии ин  кишвар пайравони мазњаби буддої мебошанд. Солњои охир барои танзими расму ойини мардуми минтаќаи Синзян, ки аксаран, пайрави дини ислом њастанд, маќомоти ин кишвар  корњои назаррас ба сомон расониданд. Агар аз дидгоњи стретегияи давлатии ин кишвар бањо дињем, маълум мегардад, ки мардуми ин минтаќа бештар майл ба људоихоњї доранд. Људоихоњии мардуми ин минтаќа тамаркуз ба исломгарої дорад. Ин ба он маъност, ки људихоњони ин минтаќа барои даст ёфтан ба ањдофи сиёсии худ, аз дини ислом суйистифода мекунанд. Ба ибораи дигар, мазњаб барои мардуми ин минтаќа василаи хубест барои амлисозии наќшањои сиёсї.

«Боздошти мусалмонони уйғур дар урдугоҳҳои љамъї бо маҳкумияти густурдаи љаҳонї рў ба рў шуд» - навиштани мубаллиѓи исломи сиёсї Истаравшанї, як њангомае беш нест, чунки дар њама кишварњои олам аз фарњанги исломї барои њадафњои миллї фаровон истифода мекунанд. Ба ном «сарварон»-и ақаллияти мусулмонии ҳуї, ки соли 2017 масљиди калони Вейжуро навсозї карданд, људоиталабон мебошанд ва кўшиш менамоянд, ки бо њар роњу васила танишро дар муносиботи давлат ва ин тоифаи мусулмонї ташдид созанд. Ин, албатта, кори хуб ва созанда аст. Аммо, аз љониби дигар, сохтани масљид, ки боиси ба вуљуд омадани ихтилофу бадбинї нисбат ба дигар мазњабу динњо мегардад, ба њељ ваљњ, созгори љамъияти дунявї набуд ва дар оянда низ нахоњад шуд.

Тибќи хабарњо, мақомоти мањаллї бозсозии масљидро иљозат дода будаанд. Бо вуљуди ин, масљидсозон зимни тармими он махсусиятњои фарњанги куллияи мардуми сарзаминашонро ба њисоб нагирифтаанд. Воќеан, мардуми мусулмон дар бештари њолат арзишњои мазњабии дигар халќиятњоро эњтиром надоранд. Ва ин амал дар бештари њолат бар зарарари худи мусулмонњост.

Раиси Љумњурии мардумии Чин Сї Љин Пин, идомадињандаи сиёсати  коммунистї мебошад. Аз ин рў, он ки баъзе исломгароёни сиёсї давлати Чинро ба унвони давлати бедин интиќод мекунанд, як дараља барои тањрики созмонњои террористию экстремистї замина мегузорад. То ба имрўз   дар љое нахондем ва нашудидаем, ки сокинони ин кишвари пешрафта аз сиёсати дохилии он шикоят карда бошанд. Танњо сокинони њамин минтаќаи мусулмоннишинанд, ки барои ањдофи сиёсии худ аз мазњабашон ошкору пинњон истифода мекунанд.

То њанўз дар хориљ аз кишвар нафарони бадхоњу худбохтае њастанд, ки худро њомиву дўстдор ва мубаллиѓи исломи сиёсї медонанд. Аз ин муносибати фарњангии мусулмонону будоиёни чинї рашкашон афзуда, мехоњанд мардуми ин кишварро ба њам шўронанд. Аз бастани як масљид, ин ќадар њангомаву «табли шодї задан»-и љонибдорони исломи сиёсї далели он аст, ки ин нафарон, дар асл, на диндоранду на дунявї. Махсусан, њангомасозињое, ки дар ин замина кӯр ва њаммаслаконаш дар пойгоњњои иттилоотї ва расонањои хабарї љо медињанд, ба манфиати давлат ва мардуми Чин нест, баръакс, оташи њар гуна ихтилофотро доман мезананд. Ин аст, ки дода шудан ба иѓвогарињои тоифаи ба истилоњ, нањзатї самараи хуб намедињад.

 

Диловари Хуршед, коршинос