(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нарху навои маҳсулоти гуногун аз бозори “Панҷшанбе” боздид намуд.

“Панҷшанбе” аз калонтарин бозорҳои минтақа маҳсуб ёфта, дар он расман 1280 нафар соҳибкорон фаъолият доранд. Илова бар ин, ҳамарӯза шумораи зиёди фурӯшандагон ба таври муваққатӣ дар ин ҷо савдо мекунанд. Дар бозори мазкур тамоми анвои маҳсулоти зарурӣ барои зиндагии мардум хариду фурӯш мешавад ва “Панҷшанбе” аз маконҳои ба таври доимӣ серодами маркази вилоят аст. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ низ ба ин бозор рӯзафзун буда, теъдоди зиёди хориҷиён маҳз боздиди хешро аз “Панҷшанбе” оғоз менамоянд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар бозори “Панҷшанбе” маҳсулот фаровон буда, як килограм гӯшти гов 38 сомонӣ, помидор 7 сомонӣ, бодиринг 8 сомонӣ, биринҷ 6 сомонӣ, сабзӣ 1 сомониву 30 дирам то 1 сомониву 80 дирам, пиёз 70 дирам – 1 сомонӣ, ангур 6 сомонӣ арзиш доранд.

Дар аснои боздид Раиси вилоят иброз дошт, ки бозор оинаи шаҳр аст ва аз ин сабаб бояд “Панҷшанбе” ба таври ҳамешагӣ ороста ва зебо бошад. Раиси вилоят ҳамзамон аз растаҳои гуногуни бозор боздид карда, таъкид дошт, ки дар арафаи соли нави мелодӣ нархи маҳсулот нисбатан арзон карда шавад. Бо ин мақсад ташкили ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар Хуҷанд ва дигар шаҳрои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ карда шуд.

Раиси вилоят сипас аз масҷиди марказии Шайх Маслаҳатддин дидан намуда, ҷиҳати ба ободонӣ фаро гирифтани атрофи он ба масъулин супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд