(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt1 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз наздик шинос гардид.

Раиси вилоят нахуст ҷараёни бунёди роҳи танобиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати тезонидани суръати корҳо ба масъулин супоришҳо дод. Тавре аён гардид, айни замон насби сутунпояҳои роҳи танобӣ идома дошта, сохтмончиёни ҶДММ “Абдурашид” тибқи нақша короҳо пеш мебаранд.

Ёдовар бояд шуд, ки роҳи танобӣ бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ ва бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта мешавад. Тибқи лоиҳа дарозии роҳи мазкур 1 километрро ташкил дода, он дорои 47 кабина хоҳад буд. Нақшаи бунёди роҳи танобӣ дар асоси меъёрҳои байналхалқӣ тартиб дода шуда, дар доираи он бунёди 9 сутунпоя ва ду истгоҳ ба назар гирифта шудааст.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят бо шинонидани ниҳоли ороишӣ дар Боғи фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ба мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки бо назардошти макони истироҳативу фароғатӣ будани мавзеи мазкур дар боғ шинонидани дарахтони нодиру ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қайд карда шуд, ки дар маркази вилоят ташкили Фестивали “Сайри гули лола” ба нақша гирифта шуда, дар раванди корҳои ободонӣ 500 000 бех гули лола шинонида мешавад.

Раиси вилоят дар назди масъулин ҷиҳати гулпӯш намудани Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ва дигар мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ супоришҳои мушаххас гузошт.