(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила» вохӯрии донишҷӯдухтарони ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо занони фаъоли шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Зиндагӣ ранги дигар дорад!” дар толори донишкада барпо гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд М. Сангинова, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии маркази занон “Гулрухсор” М. Эшонова, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” М. Болтаева М., намоянда аз Хазинаи авруосиёӣ дар Тоҷикистон М. Каримова, фаъолзан Ҳ. Атаева ширкат варзиданд.

Муяссар Сангинова чорабиниро оғоз намуда, оид ба муносибатҳо дар оила суханронӣ намуда, аз таҷрибаи фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оила мисолҳои ҳаётӣ оварда, духтаронро дар руҳияи маърифати оиладорӣ тарбият кард. Зимни баромади хеш мавсуф зикр доштанд, ки зан пойдевори асосии оила буда, ҳама хушбахтиву хушиҳо ва баръакс бадбахтиҳо аз зан вобаста аст. Хушбахтии оила асосан дар дасти зан мебошад, бинобар ин бояд ҳаматарафа кӯшиш намояд, то оилааш устувор гардад.

Баъдан Ҳамроҳ Атаева суханро идома дода, таъкид намуд, ки нақши зан дар ҷомеа баланд гардида истодааст. Бинобар ин духтарон тамоми кӯшиши худро барои гирифтани дониши мукаммал равона созанд. Номбурда ҳамзамон дар бораи муҳтавои “Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маълумот дод. Зикр гардид, ки асоси хушбахтии оила дар муносибати хуши байниҳамдигарӣ аст.

Намояндаи маркази занон “Гулрухсор” М. Эшонова оид ба фаъолияти марказ маълумот дод.

Барои иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳо аз ҷониби Хазинаи авруосиёӣ дар Тоҷикистон тақсим карда шуд.

Аз ҷониби маркази занон “Гулрухсор” низ роҳнамоҳо барои ҳифзи ҳуқуқи занон, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила, ҳуқуқҳои занон дар доираи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.

Дар фарҷом видеоролики “Оилаи хушбахт бе зӯроварӣ” намоиш дода шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишкада суруду рақсҳо пешкаши ҳозирин гардида, табъи ҳамагонро болида намуданд.

Бояд қайд намуд, ки вохӯрӣ таҳти унвони “Зиндагӣ ранги дигар дорад!” маърифати ҳуқуқӣ, оиладории донишҷӯдухтаронро баланд бардошта, ҷиҳати тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ, ҳуқуқӣ таъсири амиқ хоҳад гузошт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд