(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода семинари вилоятӣ дар мавзўи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар вилояти Суғд бо ҳузури масъулини соҳа баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ифтитоҳи семинарии мазкур зикр дошт, ки дар асоси банди 3-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аз 12 ноябри соли 2016, №776 ва қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар вилояти Суғд» аз 15 декабри соли 2016, №532 қарори раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Хуҷанд» аз 27 январи соли 2017, №35 қабул ва бо нақшаи дохилиидоравии шаҳрӣ тасдиқ карда шудааст. alt Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии муқовимат бар зидди экстремизму терроризм сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр – шўъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, иқтисод ва савдо, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, раёсати молияи шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил карда шудаанд. Бо мақсади тарбияи маънавии мардум, шинос намудани сокинон бо сиёсати дохилию хориҷии давлат, дастовардҳои солҳои истиқлолият, таърих ва анъанаҳои ниёгон дар маҳаллаҳо, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстии аҳолӣ дар кумитаи маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту корхонаҳои ҳудуди шаҳр мулоқоту вохўриҳо ташкил ва баргузор шуда истодааст.

Сипас, Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти прокуратура ва милитсияи вилояти Суғд доир ба паҳлуҳои “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд