(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар кӯдакистони №28-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Ровиёни беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ғолибони тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Довталабони озмун дар даври ниҳоӣ аз ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва ё шоир Мирсаид Миршакар шеърҳо ироа намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки озмуни «Ровиёни беҳтарин» ё худ «Фарзонахонӣ» 10 сол инҷониб бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрию эҷодӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, санъати миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб ташкил ва гузаронида мешавад.

Ҳамин тавр, аз рӯйи баҳои ҳакамоти озмун шоҳҷоиза насиби тарбиягирандаи МТТ№1 Дилноза Бобоҷонова гардид.

Мақоми аввалро Ҳадиса Саидова (МТТ №12), ҷойи дуюмро 5 нафар тарбиятгирандагони МТТ№ 18,28,13,33,40 ва 12, зинаи сеюмро 6 нафар дастпарварони МТТ№ 6,16,15,23,31 ва комплекс кудакистони №-30 ба даст оварданд, ба ғолибон тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд