(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аљиб аст, ки ќудратњои љањонї барои татбиќи манфиатњои худ ва зери назорат нигоњ доштани кишварњои мусулмонї њамеша аз дин ва бовару эътиќодоти мардум суистифод намуда, мисли занбурўѓњои пас аз борон мазњабу равияњои нав ба нав ба вуљуд меоранд. Чунин бархурд боиси он гардидааст, ки њар кадоме аз ин мазњабу равияњо даъво пеш меоваранд, ки гўё онњо њаќанд ва аз «Исломи ноб» њарф мезанананд. Яке аз чунин љараёнњо Салафия ба њисоб меравад. Салафињо аз љониби кишварњои абарќудрат ва ташкилотњову доирањои мазњабии мутаасибу иртиљоии манфиатхоњи баъзе кишварњо созмон дода шуда, маблаѓгузорї мешаванд. Салафиҳо он қадар ҳамоқату таҳаммулнопазирӣ доранд, ки ҳеҷ як аз равияҳои анъанавии исломро қабул надоранд. Онҳо ҳамеша аз методи такфир истифода менамоянд ва аз рӯи таасуб афроди дигар мазҳабу бовару эътиқодотро ба қатл маҳкум мекунанд. Инҳо ҳарчанд хешро салафӣ ва пайрави солеҳ меҳисобанд, аммо аслан хатарноктарин ва таҳаммулнопазиртарин равияи динии муосиранд. Аз рӯи аъмолу корҳое, ки анҷом медиҳанд, Салафињоро  равияи динї њам гуфтан хатост, балки  инњо “сашкаҳо” мебошанд, ки барои манфиати бегонањо бар зидди ватани худ хизмат мекунанд. Дар вакти чанги шахрванди солхои 1992-1993 “вовчик” ва “юрчикхо” пайдо шуда буданд, акнун “сашка” пайдо шуд. Сашкаҳо аслан ҳеҷ иртиботе ба дину оин ва арзишҳои баланди эътиқодӣ надоранд. Дар тафаккури онҳо аз инкишофи пешрафти ҷомеаи инсонӣ хабаре нест. Онҳо мехоҳанд башариятро ба ҳамон асри 6-ум  баргардонанд. Сашкаҳо ришҳои дарози ҷангалӣ доранд, ки ҳеҷ гоҳ ќайчихурдаву мураттаб нест, шояд дар тамоми умр боре собунро надидаву аз он буи фасод ва ҷаҳлу таассуби асримиёнагӣ бармеояд. Пањно ва дарозии риши онњо хонаи кайку шабуш ва анкабут аст.  Риши сашкаҳо дар зеҳни ҳар фард тарсу ҳарросро ба вуҷуд меоварад. Воқеан сашкаҳо ба персонажҳои филмҳои даҳшатнок монанданд. Вақте кўдакон бо онҳо бархурд мешаванд аз қиёфаи ғули биёбонии онҳо ба тарсу ҳаррос афтода, садҳо ҳолати ба хафқон дучор шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст. Сашкаҳо ҳамеша аз ақоиди таҳаммулнопазирӣ истифода мебаранд ва идеологияи ҷангию инсонбадбинии онҳо дар минтақаи Ховари Миёна буҳрони инсониро ба миён овардааст, ки онро метавон дар аъмоли ҷиноӣ ва зиддибашариашон дар Сурияю Ироқ ва Яману Афғонистон бармало мушоҳида намуд. Сашкаҳо дар пушиши либос низ худро аз дигарон мутафовит мекунанд. Онҳо бо шимҳои почакўтоҳ, ки барои худашон ба истилоҳ арзишанд, вале барои дигарон мармуз аст, худро ба “истилоҳ зеб медиҳанд”, њарчанд барояшон мафњуми зебої вуљуд надорад. Сашкаҳо аз ин ки ба инсони мутамаддин монанд бошанд, бештар ба инсонҳои моқабл аз таърих ва нимавањшї  шабаҳанд. Риши дарозу почаи кўтоњ дар якљоягї онњоро ба як махлуќи аљибу ѓарибе табдил медињад, ки њам хандаовару њам дањшатнок аст.

Сашкаҳо на танҳо зоҳиран ифлос, гандзада, бадбуй ва тарсноканд, балки ақоидашон низ ақидаҳои ифротию бунёдгаро аст. Инҳо, ки дар мағзашон чизе ҷуз афкори асримиёнагӣ нест, худро “ноҷии башар” низ эълон мекунанд ва дар пайи бунёди хилофати ҷаҳонии исломанду бо ин роҳ гӯё мехоҳанд ҷаҳонро мусалмонобод кунанд. Ба хотири расидан ба ин ақидаи ғалати хурофотии хеш аз ҳамагуна роҳу усул истифода менамоянд. Дар замирашон аз раҳм, шафқат ва меҳрубонӣ осоре мавҷуд нест. Воқеан дар хислат ва рафтор низ даррандахўанд ва гоҳҳо бадтар аз он, зеро даррандагон ҳамнавъони хешро аз байн намебаранд. Аммо сашкаҳо дар Сурияву Ироқ ва алъон дар Афғонистон амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки сахт бераҳмона ва даҳшатноканд. Кушторҳоеро анҷом медиҳанд, ки ҳеҷ ба сатҳи одамият мувофиқ нест. Аз қабили сар буридан, зинда ба зинда сузонидан, гушу бинӣ буридан, пора пора кардан, дар об ѓарќ намудан ва даҳҳо шеваҳои қабеҳу тарсноки дигарро мавриди истифода қарор медиҳанд. Афкор ва андешаи сашкаҳо сахт хароб, таасубзада ва ифротист. Инҳо ба ҷуз аз чанд китобаки худашон, ки ҳама хурофоту ғайриаќлонианд тамоми илму дониши пешарафтҳои башарӣ ва китобу дастуроти дигарро қабул надоранд. Барои инҳо ки худро “пайравони солеҳ” меноманд ақл, хирад ва тадобири инсонӣ бегона аст. Зеро онҳо ба дастгоҳҳои одамкушӣ табдил ёфтаанд. Сашкаҳо ҳамон ваҳобињоянд, ки мақсади гирифтани хокимияти сиёсӣ, љорї кардани исломӣ бунёдӣ ва қонунњои сахти шариъатро доранд. Ҳарчанд инҳо худро асли дин меҳисобанд, вале аслан инњо дину мазњаби њаќиќї надоранд. Зеро ҳеҷ як дину мазҳаб ба мисли ақидаю аъмоли сашкаҳо зиддибашарию хунхорона нест. Ҳар гуна дину эътиқод бояд барои саҳлу содда кардани зиндагии инсоният бошад, на бар зиддиинсоният ва қатлу куштори он. Сашкаҳо ҳамон ДИИШ-иҳо ва ҳамон ваҳҳобиҳоеанд, ки яке аз муҳраҳои асосии терроризми ҷаҳонї мебошанд. Инҳо ҳамеша ба демократия дунявият ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мухолифанд. Ҳар касе ки ақоиди пуч, хурофотӣ ва бебунёди онҳоро қабул надорад, онро ба қатл маҳкум мекунанд. Барои сашкаҳо ҳуввияти миллӣ вуҷуд надорад. Зеро инҳо миллатбохтаҳоеанд, ки ҳеҷ арзиши миллӣ ва фарҳангиро қабул надоранд. Барои онҳо ҳама гуна оин анъана ва ҷашну маросими миллӣ бидъат ҳисобида мешавад. Ҳамин аст, ки ҳар ҷо ки зери нуфузи идеологияи зиддиинсонӣ ва зидди фарҳангии инҳо ворид мешавад, тамоми дастовардҳои таърихию фарҳангии онро аз байн мебаранд. Чунин ҳолатро дар аъмоли иҷро намудаи онҳо дар Сурияву Ироқ ва махсусан аз байн бурдани ёдгориҳои таърихии Помпео метавон дид. Сашкаҳо бо роҳи мағзшӯӣ инсонҳои зудбоварро ба доми худ меоваранд. Инҳоро, ки доирањои манфиатдори кишварҳои муайян бунёду тарроҳӣ намудаанд ба хотири тавсияи манфиатҳои худ онҳоро сармоягузорӣ низ мекунанд. Агар худое накарда њукумат ба дасти онњо бошад, зиндагии мардумро ба марг баробар мекунанд. Зеро онњо фарњангу њунар санъату зебоиро ќабул надоранд. Њатто дини анъанавиро кабул надоранд ва њамаро саросар кофир њукм мекунанд. Имрӯз хатароти сашкаҳо ва идеологияи бадбину инсонситези онҳо на танҳо дар кишварҳои мусалмоннишин, балки дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрикову кишварҳои дигар низ нуфуз пайдо кардааст. Ҳамин аст, ки сашкаҳо на танҳо дардисарсози кишварҳои минтақа, балки дардисарсози љомеаи ҷаҳон гардидаанд. Имрӯз онҳо барои амалӣ кардани идеяи бумбастию хурофотии хеш дар ҳама кишварҳо пайравону гумоштагони хешро доранд ва барои расидан ба ин ҳадаф аз ҳама роҳу восита истифода менамояд. Чанд сол қабл бо кўмаки тарроҳону сармоягузоронашон аз озодиҳои динию фазои демократии Тоҷикистон сўистифода намуда, сафи хешро дар ин кишвар аз ҳисоби нафарони гумроҳшудаву худбохта афзоиш доданд. Дар як муддати кўтоҳ дар фазои динии кишвар ҷойгоҳ пайдо намуда, нуфузи хешро тавсия бахшиданд. Онҳо ҳаракат доштанд қишрҳои гуногуни иҷтимоиро фаро гирифта,  бо таблиғи густурда мардумро ба гумроҳӣ кашонанд ва гуруҳҳои зиддунақизро аз лиҳози бовару эътиқод ба миён оваранд ва дар маҷмуъ суботи ҷомеаро барҳам зада, аз ин роҳ сохтори дунявии ҷомеа ва давлати миллиро барҳам зананд. Хушбахтона, мақомоти қудратии кишвар аз мақсадҳои нопоку иртиҷоии онҳо зуд огоҳ гардида, барои пешгирӣ намудани тавсеаи онҳо монеа эљод намуд  ва тибқи қонунгузорӣ фаъолияти онњоро мамнуъ сохт.  Аммо бо роҳи маҳдудгардонии қонунӣ онҳо қонеъ нашуда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити хабарї ақоиди хатарноку зиддиинсонии хешро мубаллиғӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки бо баста шудани фаъолияти онҳо дар дохили кишвар хатари онҳо то ҳануз аз байн нарафтааст. Аз ин рӯ ҳар фарди ҷомеаро зарур аст ки аз ақидаҳои зиддиинсонӣ, хурофотӣ бебунёди сашкаҳо худро эмин нигоҳ доранд.

 

Масрур Самиев, таҳлилгар