(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд ба муносибати 70 солагии нависанда ва рӯзноманигор Мирзоғанӣ Валиев (Равшанзамир) шаби эҷодӣ баргузор гардид.

Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Шумо яке аз рўзноманигорон ва қаламкашони маъруф ба шумор меравед ва ба қалами шумо даҳҳо мақолаву очерк, қиссаву тарона, ҳикояву ҳаҷвияҳои ҷолиб мансуб аст. Шумо бо навиштаҳои хеш насли ҷавону наврасро дар рўҳияи ватанпарастиву зебоидўстӣ тарбия намуда, ононро ба роҳи росту росткорӣ ҳидоят намудаед. Шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати 70-солагиатон табрику таҳният гуфта, ба шумо умри дароз, тандурустии комил, илҳоми саршори эҷод ва оромиву осудагии хонадонатонро орзу менамоям”.

Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод доир ба паҳлуҳои эҷодии Мирзоғанӣ Валиев маълумот дод.

Суруду тарона ва порчаҳои насрии Мирзоғанӣ Валиев ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Мирзоғанӣ Валиев, ки ҳамзамон бо тахаллуси Равшанзамир машҳур аст, аз шумули рӯзноманигори маъруфи асри гузашта арзёбӣ гардида, дар вазифаҳои роҳбари дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, масъули дафтари матбуоти Иҷлосияи тақдирсоз буд. Ба қалами мавсуф новелла, ҳикоя ва таронаҳои зиёд дахл дошта, китобҳои «Ашки осмон», «Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду», «Мағзи ҷон» ва «Чашми бад» гирд омадаанд. Повести «Парӣ дар киштичаи гул» дар байни наврасону ҷавонон хонандаи бисёр пайдо кардааст.

«Аз Хуҷанд то Макка», «Фарзанди хок ту, фарзанди хок ман» ва «Нур аз дур» китобҳоеанд, ки баъди сафарҳои Мирзоғанӣ Валиев ба шаҳрҳои Уммон (Иордания), Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ таълиф шудаанд.

Мавсуф аз соли 1976 узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқҳои журналистон ва аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барои саҳми шоистааш дар ривоҷи журналистика ва адабиёти муосир бо медали Иттифоқи нависандагон «Нишони сухан», Ҷоизаи Иттифоқи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ва Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, ҳамчунин бо 20 ифтихорнома сарфароз шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд