(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз бо иқдоми бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд аксияи саломатӣ таҳти унвони «Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!» бахшида ба Рўзи мубориза бо вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) баргузор гардид, ки мақсад аз баргузории аксия пешгирии бемориҳои махсусан хавфнок аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ байни наврасону ҷавонон мебошад.

Дар аксия беш аз 50 нафар ҷавонони фаъол, волонтёрони назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуда, зиёда аз 300 дона варақаҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии ВНМО/БНМО дар марказҳои шаҳр, ҷойҳои аҳолинишин, боғҳои фарҳангию фароғатӣ тақсимот намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд