(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи самтҳои афзалиятноки Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018, ташаккули тарзи ҳаёти солимии ҷавонон пешгирии бемориҳои махсусан хавфнок аз қабили вируси норасоии масунияти одам, нашъамандӣ ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ байни наврасону ҷавонон семинар-машварат баргузор гардид.

Ин нишаст бахшида ба таҷлили Рўзи мубориза бо вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам дар асоси нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар мавзўи «Ҷавонон – ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!» баргузор гардид, ки дар он беш 40 нафар ҷавонони фаъол, волонтёрон, гирандагони стипендияҳои Президентӣ ва Раиси шаҳр иштирок намуданд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Бахтиёр Исматҷонов, намояндаи шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муқаддас Ҳасанова, директори Маркази БПНМ-и вилояти Суғд Фирӯз Комилов ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» Далер Қосимов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар ҷаҳон беш аз 42 миллион нафар мубталои ВНМО мебошад, ки ин рақам ҳар рӯз аз 14 то 15 ҳазор зиёд шуда истодааст. Аксарияти одамони гирифтори ВНМО ҷавонони синни то 30-сола мебошанд. Дар давоми 25 соли охир БПНМ (СПИД) боиси марги 25 миллион нафар шудааст. Бояд зикр намуд, ки бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) яке аз масъалаҳои мубрами на танҳо соҳаи тандурустӣ балки имрӯзи соҳаи иҷтимоию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.Агар бемории ВНМО аз замони пайдоиш дар як муддати начандон тулонӣ дар ҷаҳон доман паҳн намуд, вале аввалин нафари гирифтор ба ин намуди беморӣ дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуд ва имрӯз ҳеҷ кишваре ё ҷамъияте нест, ки аз ВМНО/БПНМ дар амон монда бошад. Гарчанде пайдоиши ВНМО дар Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ин маризӣ ё худ ин вабои замон дар ин муддати начандон тулонӣ, яъне то ба имрӯз садҳо нафарро сироят намудаву даҳҳо нафарро қурбон сохтааст. Дар ҷумҳурӣ ба мубталоёни бемориҳои сил ва ВНМО ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуда, онҳо дар маркази махсус ба қайд гирифта шудаанд. Яке аз роҳҳои паҳншавии ВНМО тавассути алоқаи ҷинсӣ сурат гирифта, беш аз 60 фоизи гирифторони ВНМО маҳз бо ин роҳ ба ин беморӣ мубтало гардидаанд. Инчунин ВНМО тавассути гузаронидани хуни шахси мубталои бемории ВНМО ба шахси солим, истифодаи сӯзандоруҳои тамъизношуда ва дигар таҷҳизоти тиббӣ ва ғайритиббӣ, аз модари бемор ба кӯдак, ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ мегузарад. Бархе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Россияю Қазоқистон ва дигар давлатҳо дар муҳоҷирати меҳнатианд, аз омилҳои паҳнкунандаи ин беморӣ арзёбӣ мегарданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд