(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои охир ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки қувваҳои радикалӣ ва террористӣ аз ниятҳои нопоки худ нагаштаанд ва минбаъд низ фаъолиятҳои тахрибкоронаи худро дар минтақаи афзоиш доданианд. Далели равшани ин ҳамлаи мусаллаҳонаи террористон ба сайёҳони хориҷӣ дар охири моҳи июли соли ҷорӣ дар ҷануби Тоҷикистон мебошад.

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд. alt Аз ин лиҳоз аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муқовимати фаъол нишон додан ба кирдорҳои коррупсионӣ, пешгирии амалҳои ношоям дар ин самт, тақвияти муборизаи беамон бар зидди он ва таъмини амнияти иқтисодии давлат зарурияти таҳия ва андешидани чорабиниҳои иловагӣ талаб карда шуд.

Сипас, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромад намуда, таъкид доштанд, ки вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Мувофиқ ба маълумоти аз манбаъҳои мӯътамади Тоҷикистон ба даст омада, ТТЭ ҲНИТ на танҳо ба созмон додани амалҳои террористӣ ва бурдани фаъолияти террористӣ машғул будааст, балки бо «Давлати исломӣ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизби таҳрир», «Ҳаракати толибон», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва ғайра робитаҳои қарин барқарор дорад. Давоми фаъолияти худ дар Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти СТЭ ҲНИТ ҳудуди 500 ҷавон ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуда буданд.

Бештарини онҳо аъзои фаъоли созмонҳои террористиву экстремистӣ маҳсуб меёбанд. Мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки «Ансоруллоҳ» қаноти ҳарбии СТЭ ҲНИТ аст. Далели ин гуфтаҳо метавонад теъдоди иштирокчиёни ҷангҳои Сурия аз Тоҷикистон бошад, ки аз 1000 нафари маҷмӯӣ 521 нафарашонро аъзои СТЭ ҲНИТ ташкил медиҳанд.

Иштирокдорони мулоқот ҳамчун доир ба риояи одоби шаҳрнишинӣ, мубориза алайҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мубодилаи афкор намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд