(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо вазъи корҳои тозагии соҳили чапи дарёи Сир ва раванди корҳои созандагӣ дар ин мавзеъ шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар канори дарё барои сайру истироҳати шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ роҳравҳо бунёд ва дар он дастгоҳҳои муосири машқу тамрин насб карда шавад. Ҳамчунин ташкили боз як шиногоҳи дигар дар соҳили чапи дарё ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар доираи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд беш аз 500 иншооти ҷашнӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд