(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШуруъ аз санаи 25 ноябр то санаи 10 декабр дар доираи маъракаи «16 рузи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон» тибқи нақшаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давалатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 «Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва бахшида ба рузи умумиҷаҳонии 16 рузи алайҳи хушунат нисбати занон чорабиниҳои мухталиф доир мегарданд.

Аз ҷумла, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ, аз қабили суҳбату вохӯрӣ, семинару тренингҳои омузишӣ, мизи мудаввар, конфронси илмӣ, маҳфили телевизионӣ ва бозиҳои варзишӣ дар назар дошта шудааст.

Ин тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани зӯроварӣ дар оила ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо амалӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд