26 Ноябр 2018
Таҳти ҳамин унвон дар кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд конфренсияи илмӣ доир гардид. Дар кори конференсия иштирокчиёни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Ҳаcанов, Темур Дадобоев, Дилмурод Шермуродов, Шама Пардаев ва фаъолону собиқадорони ҳизб ширкат варзиданд.
Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабинро оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳамасола шурӯъ аз соли 2009 дар қатори ҷашнҳои миллӣ мардуми шарифи кишвар санаи 24 ноябрро чун Рӯзи Парчами миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бояд қайд кард, ки Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, гузаштагони мо парчамро рамзи озодӣ, адолат, мубориза бар зиддӣ бадӣ ва садоқат ба Ватан меҳисобиданд. Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демоктратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст”. Мо медонем, ки замони соҳибистиқлолӣ санаи 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Аз ин хотир ба чорабинии имрӯза шоҳидони ин рӯйдоди таърихӣ- иштирокчиёни бевоситаи иҷлосияро даъват намудем.Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд