(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҳаллаи Чашмаи шаҳр расмикушоди лавҳаи ёдгорӣ ва номгузорӣ намудани номи кўча ба номи Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Зоҳидов сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинии мазкур зимни баромади худ таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид месозанд, ки «Зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт ме¬бошад. Омўзиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандўстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст». Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар баробари арҷгузорӣ ба шахсияти бузургмардони миллатамон ва омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи осори онҳо вазифадор аст, ки ин мероси ҷовидониро ба хотири тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи башардўстиву инсонпарварӣ, ватанхоҳиву ватандорӣ, илму ҳунаромўзӣ ва аҳлоқи ҳамида истифода намояд.

altИттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷода пардабардорӣ намудан аз лавҳаи ёдгории шахси накўном, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, марди қавииродаву мубориз, ташкилотчии бома-ҳорат, фидоиву некширишт Абдуқодир Зоҳидов дар ҳаёти иҷимоиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд рўйдоди воқеан хотирмон мебошад.

Таъкид шуд, ки Абдуқодир Зоҳидов яке аз чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва маорифи кишвар мебошанд, ки беш аз ним аср бо талошу пайкорҳои пайгиронаи хеш дар рушду такомули забоншиносии муосири тоҷик ва нақди адабии он саҳми барозанда гузоштанд. Донишманди фозил ва инсони комил, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Зоҳидов аз шумули олимоне буданд, ки фаъолияти таълимиро бо ҷустуҷӯҳои илмӣ пайваста идома медоданд, зеро шуғли ҳамешагӣ бо илм аз машғулиятҳои беҳтарини ин абармард буд.

Ба қалами устод теъдоди зиёди китобу асарҳои илмӣ мансуб мебошанд, ки онҳо ба нақду баррасии паҳлуҳои гуногуни забоншиносӣ бахшида шуд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар асоси дархости роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва пайван-дон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 24 сентябри соли 2018, таҳти №266 оид ба номгузорӣ намудани яке аз кўчаи маҳаллаи Чашмаи Арзана ва гузоштани лавҳаи ёдгории Зоҳидов Абдуқодир ба тавсиб расидааст.

altҶоиз ба зикр аст, ки Абдуқодир Зоҳидов 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1956 ба факул-таи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Сергей Миронович Киров дохил шуда, соли 1961 ин донишгоҳро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро ў соли 1961 ба сифати муаллими забони тоҷикӣ дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Чкалов оғоз намуда, соли 1968 ба донишгоҳ ба кор даъват карда мешавад ва то соли 1977 ба сифати муаллим, сармуаллими кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, аз соли 1976 муовини декани факултаи таъриху фило-логия, соли 1994 ба вазифаи дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи дав-латии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз соли 1998 то 2003 муовини декани факултаи ҳуқуқшиносӣ кор карда, узви кумитаи иттифоқи касаба, раиси ҷамъиятии «Китоб-дўстон»-и донишкада будааст. Заҳматҳои пурмаҳсули Абдуқодир Зоҳидовро давлату ҳукумат бисёр қадрдонӣ намуда бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кор-манди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон ва нафақахўр барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст. Зоҳидов Абдуқодир 26 майи соли 2018 дар синни 79 солагиаш вафот карда бошад ҳам, номи неку корҳои шоистаи ў дар дилу дидиаи мардуми диёр абадӣ маскан гирифтааст ва барои абадӣ гардонидани хотираи ин шахси нексиришт кўчаи мазкур ба номи Зоҳидов Абдуқодир гузошта шуда истодааст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, хешону пайвандон ва наздикони Зоҳидов Абдуқодир парда аз рӯйи лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд.

Дар чорабинии мазкур ҳамзамон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷўразода, профессор Абдусаттор Абдуқодиров баромад намуданд.

Фарзанди Абдуқодир Зоҳидов - Фаррух Зоҳидов аз ин иқдому ғамхории Давлату Ҳукумат миннатдорӣ намуда, онро барои наслҳои имрўзу фардои ин кўчаву маҳалла ва шаҳри Хуҷанд дарси меҳнатдўстиву меҳанпарастӣ ва садоқат ба Ватан унвон намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд