(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСипас Раиси шаҳри Хуҷанд аз раванди бунёди бинои баландошёнаи истиқоматии 12 ошёна, маркази савдо ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои баландошёнаи истиқоматии 12 ошёна, маркази савдо ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ санги асос гузошта шуд. Масоҳатии умумии сохтмон наздик як гектарро ташкил дода, ду бинои баландошёнаи 9 ва 12 қабата, таваққуфгоҳи бисёрқабата барои ҷойгиркунии 2 ҳазор автомобил дар як вақт, майдончаи бозии кӯдакон ва маркази савдову хизматрасонӣ бунёд карда мешавад.

Бинои баладошёна ва таваққуфгоҳи мавзеъи Панҷшанбе бошад бо дарназардошти зиёд шудани нақлиёти сабукрав ва тамбашавии роҳҳо қомат афрохта, ин таҷриба, яъне истгоҳи бисёрқабатаи автомобилҳо дар кишвар нахустин ба ҳисоб меравад.

alt Сохтмони иншооти мазкур бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ба сомон расонида шуда, намуди зоҳирӣ ва шакли бино бо тарҳи сохтмонии мавзеъи Панҷшанбе ба ҳам омезиш дода мешавад.

Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки дар ин майдони сохтмон корҳо суст ҷараён дошта, техникаву таҷҳизот ва сохтмончиён ба мушоҳида намерасанд. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода аз муносибати масъулини сохтмони иншооти номбурда изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо идома ёфтани чунин вазъ саривакт супоридани иншооти ҷашниро зери суол қарор медиҳанд.

Аз ин дидгоҳ Роҳбари шаҳр ба соҳибмулки иншоот дастур дод, ки дар зудтарин фурсат бо ҷалби техникаву сохтмончиёни зиёд ба корҳо суръат бахшад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд